Алишер Ҷалилов

Алишер Ҷалилов: Гузаштан ба “АГМК» бадтарин қарори ман буд!

Футболбози тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки мавсими гузашта дар ҳайати «АГМК» бозӣ карда буд, чанде пеш ба бошгоҳи қаблии худ — «Истиқлол» баргашт. Дар мусоҳиба бо хабарнигори Championat.Asia Абдулазиз Искандаров ӯ дар бораи дар Ӯзбекистон буданаш суҳбат кард.

— Кай тасмим гирифтед, ки «АГМК»-ро тарк кунед?

— Ростӣ, дарҳол пас аз гузаштан ба «АГМК» фаҳмидам, ки мехоҳам ба “Истиқлол” баргардам. Ман аз тобистон дар бораи рафтан аз «АГМК» фикр мекардам, аммо Баҳодур Мирзоев (мудири кулли АГМК) маро дастгирӣ кард ва ман мондаму бозӣ карданро давом додам. Пеш аз тамринҳо моҳи январ ман гуфтам, ки мехоҳам аз бошгоҳ равам. Ман гуфта метавонам, ки гузаштан ба «AГМК» бадтарин қарор дар фаъолияти ман аст!

Дар «Истиқлол» бозии дурахшон нишон додед, аммо дар «АГМК» худро нишон дода натавонистед. Чаро?

— Дар «АГМК» мураббӣ ба ман бовар намекард. Дар «Истиқлол» бозии маро ҳама медонанд, дар онҷо ба дастовардҳои зиёд ноил шудам. Мехостам ҳарчи зудтар ба «Истиқлол» баргардам. Пас аз пешниҳоди президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидзода ман бе ягон дудилагӣ розӣ шудам.

— Оё намехоҳед, ки пас аз Тоҷикистон як қадам ба пеш гузоред?

-Ман фикр намекунам, ки Ӯзбекистон қадаме ба пеш аст. «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бозӣ мекунад, мо ҳадафҳои худро дорем. Илова бар ин, ба даста муррабии нав — Игор Черевченко омад. Бовар дорам, ки ҳамааш хуб мешавад.

— Хабаре буд, ки «Бунёдкор» шуморо дар сафи худ дидан мехоҳад. Чаро интиқол сурат нагирифт?

— Воқеан аз ҷониби «Бунёдкор» таваҷҷуҳ буд, вале баъдан аллакай тасмим гирифтам, ки ба «Истиқлол» баргардам. Хоҳиши бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бештар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *