Қаллобони маъюбфиребро 10 соли зиндон карданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе се нафарро ба фиребидани 35 маъюб ва аз худ кардани садҳо ҳазор сомонии онҳо гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи се нафар Саёҳат Соҳибназарова, Маҳдмуҷон Носиров ва Билолиддин Мудинов охири ҳафтаи гузашта баргузор шудааст ва ин се нафар бо гуноҳи қаллобӣ мутаносибан аз 9 то ба 11 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҳукми додгоҳ  омадааст, ки парвандаи Ҳалима Раҳматова яке аз муттаҳамон ба қаллобӣ, қатъ шудааст, зеро далел барои собит кардани иттиҳомот вуҷуд надоштааст.

Маҳкумшудагон ба зиндон ва вакилонашон гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Душанбе розӣ нестанд ва барои бознигаронии ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Муфаттишони парванда мегӯянд, ки ҳарсе нафар як созмони дурӯғинеро ташкил додаанд ва 35 маъюб аз шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Душанбе, Нуробод, Сарбанд, Ҳисор, Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Бохтар фиреб дода ва 200 ҳазор сомонии онҳоро аз худ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *