Аълохон Афсаҳзод то кай милисахонаро қаровулӣ мекунад?

Ба президенти АМИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ

Ба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода

Чанд сол боз нимпайкараи доктори илмҳои филологӣ, яке аз бузургтарин адабиётшиносони тоҷик профессор Аълохон Афсаҳзод дар шаҳри Панҷакент вазифаи «қаровулӣ»-и ШКВД ё милисахонаи шаҳрро «иҷро» мекунад, аммо касеро парвое нест…

Ин масъала чанд сол қабл мавриди интиқоди шадиди рӯзноманигорон қарор гирифта буд ва мо гумон кардем, ки ҳукумати шаҳри Панҷакент аз пайи ҳалли он шуда, ба нимпайкараи олим ягон ҷойи мувофиқ пайдо кардааст, вале афсӯс… Ҳамоно ин нимпайкара зору назор дар як тангкӯча дар канори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳр «партофта» шудааст.

Қаблан нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод дар боғи канори бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент гузошта шуда буд, аммо соли 2008 қисме аз ин боғро барои сохтани майдони Исмоили Сомонӣ вайрон намуданд ва он вақт нимпайкараро аз ҷояш гирифта, дар як кунҷи девори бинои Шуъбачаи «Муҳофиза»-и ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент гузоштанд.

Аз он рӯз то ба ҳол бо гузашти қариб 10 сол нимпайкараи ин адиб ва адабиётшиноси шинохта дар ҳамин ҷо қарор дорад. Дар ин муддат ду раиси шаҳр чанд муовинон ва мудирони шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент иваз гардиданд, аммо тасмими ба ягон ҷои ҷамъиятӣ ва дар чашм аён кӯчонидани нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод аз ҷониби ягон нафар гирифта нашуд. Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи Шӯрчаи шаҳри Панҷакент мактабе ба номи Аълохон Афсаҳзод вуҷуд дорад ва ҳадди ақал мешуд нимпайкараро ба ин мактаб оварда гузошт, вале касеро парвое нест.

Шояд вақти он расидааст, ки ин масъала ҳали худро ёбад?

С. СОМОН,

донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *