Алёша – Горбун ба Ширин Бунёд иваз шуд
Бо қарори вакилони шаҳри Хоруғ дар иҷлосияи даҳуми даъвати шашум кӯчаи А Аёмбеки шаҳри Хоруғ ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карда шуд. Ин тасмим дар асоси талаботи банди 11- и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, рақами 609 “Дар бораи тасдиқи тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо объектҳои физикию ҷуғрофӣ сурат гирифтааст.
Гуфа мешавад, ки Ширин Бунёд (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович), Шоири халқии Тоҷикистон, соли 1941 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, соли 2011 дар синни 70 вафот кардааст. Ӯ аз худ чанд китоби шеър ба ёдгор гузоштааст, ки “Бомдод”, “Зартеғ”, “Шоҳи Тирандоз”, “Шерозаи Ваҳдат”, “Об, замин ва одамон” ва “Поси хотир” аз ҳамин ҷумлаанд.
Кӯчае, ки ба номи Ширин Бунёд гузошта шуд, дар маҳаллаи “Хлебзавод”, як минтақаи дар гузашта таҳти нуфузи Аёмбековҳо ҷойгир шуда, то имрӯз ба номи Абдуламон Аёмбеков, маъруф ба Алёша – Горбун, як фармондеҳи пурнуфузи нирӯҳои худдифои Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ номгузорӣ шуда буд. Баъди кушта шудани Алёша – Горбун дар моҳи декабри соли 1994 роҳбарии афроди ӯ ва маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти додараш Толиб Аёмбеков гузашта буд.
Толиб Аёмбеков, ки яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт, 11 июни соли 2022 боздошт шуд. Ба дунбол, писари ӯ Абдураҳмон Асаналиев 6 автомату 1 гранатомёт ва миқдори муҳими силоҳу муҳимотро ба мақомот супурд ва гуфт, падараш аз зиндон занг зада, ба вай амр додааст, ки “бачаҳо силоҳҳоро меоранд, онро ҷамъ карда, ба амният супоред”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ