Амаки ҷиянозор дастгир шуд
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида мардеро барои латукӯби ноболиғе дастгир карданд. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ин мард Ширин Аламов ном дошта, санаи таваллудаш 1981 ва сокини кӯчаи П. Сулаймонии ноҳияи Сино аст.
“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шоми 10-уми июн шаҳрванд Ширин Аламов дар маҳаллаи Сомон-2 ноҳияи Фирдавсӣ (пушти Бозори “Корвон”), писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор додааст. Бародари номбурда, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ҳамсари худ ҷудо шуда, ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи бародараш қарор доранд”,- менависад манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ин навори кӯдакозорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандон қарор гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон шаҳрванд Аламов Ширин дастгир карда шуда, бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои ин ҷиноят ва оғоз намудани парванда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ