Ҳамла ба “Мугамбо”: Ҷавони афғон ҳунарманди тоҷикро 12 корд зад
Илҳомҷон Шодиев роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Мугамбо”, ки миёни мардум ҳамчун Мугамбо маъруф аст, мавриди ҳамлаи яроқноки як шаҳрванди Афғонистон қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи пархоши гурӯҳӣ ҷавони афғон ба захмӣ кардани Шодиев муваффақ нашуда, яке аз аъзоёни гурӯҳи ҳаҷвии “Мугамбо”- Алиҷон Зайниддиновро бо задани 12 корд, маҷрӯҳ намуда фирор мекунад.
Дар ин бора имрӯз тақрибан соатҳои 16:15 ба “tajikistantimes.tj” ду нафар ҷавон, ки худро Акмал ва Мунис муаррифӣ карданд, хабар доданд.
Номбурдагон афзуданд, ки ин ҳодиса соати 4-и субҳ дар кӯчаи Борбад, дар назди даромадгоҳи бино рух додааст. Алиҷон Зайниддиновро бо зарби 12 корд ба беморхонаи маҳаллаи “Советский” дар ҳолати беҳушӣ интиқол доданд. Ба иттилоъи манбаъ Алиҷон аз паси кала, қафаси сина, меъда, шона ва шикаму дасту пояш захм бардоштааст.
Алиҷон Зайниддинов чанд сол аст, ба ҳайси композитор, сароянда, ҳаҷвнигор, актиёр ва сенариянависи гурӯҳи ҳаҷвии “Мугамбо” фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, манбаъ гуфт, ки ҷавони афғонро кормандони милитсия боздошт намуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад. Аз шарҳи бештари ҳодиса шуморо огоҳ хоҳем кард.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ