Ҳамлаи гургон ба саги қисми ҳарбӣ дар Сағирдашт

Бо як шиноси деринаам, ки дар деҳоти Сағирдаши ноҳияи Дарвоз зиндагӣ мекунад, ҳар боре дар арафаи  иду ҷашнҳои расмию суннатӣ ва зодрӯзҳо ҳамдигарро табрик менамоем. Ин дафъа пешдастӣ кардаму ӯро бо рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, аз вазъи обу ҳаво ва зимистони равон пурсон шудам.

— Напурс, бародар, аз 1 метр баландтар барф боридааст, — гуфт ӯ. – Аммо инаш дарди ба хайр, як моҳ мешавад, ки галаи гургон деҳотиёнро ба ташвиш овардааст. Онҳо ба сагони деҳот қирон оварда, аллакай 10-12 сагро туъмаи худ кардаанд.

— Ба ягон одам зарари ҷисмонӣ нарасондаанд? Мақомот ягон чора намеандешад?

— Мақомотеро парвояш нест. Гургҳо ҳатто саги қисми ҳарбиро хӯрдаанд!..

Саволи кундаланг ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз: То гургон ба одаме дарнаафтанд, тамошо карда меистед?  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *