Амнияти озуқаворӣ. Кафили таъмин кист?

Иқтисоддонҳову масъулон, коршиносону таҳлилгарон, зимни ҳар маърӯзаву таҳлилоти худ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳуриро муқаддимаи баромади худ қарор медиҳанд: Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва билохира ҳадафи чорум — саноатикунонии мамлакат. Дар ҳавли даҳони ин теъдод аз наттоқи хушсухан ба қавле об ба ҷӯш меояд ва метавон хулоса кард, ки мутаассифона, қариб аксари суханпардозиҳоямон фиреби назар аст!

Масъулин фармонбардор ё тамошобин?

Метавон хулоса кард, ки дар татбиқу амалӣ кардани се ҳадаф, ба ҷуз таъмини амнияти озуқаворӣ, ба муваффақияту дастовардҳо ноил шудаем.  Ду агрегати НБО “Роғун” ба кор даромаданд, чандин НБО-ҳои хурди тавлиду истеҳсоли барқ фаъол гашта, бунёду таъмиру азнавсозии роҳу пулҳои замонавӣ мушкилоти рафтуомади мардумро дар ҳама фасли сол осон гардонид, яъне аз бунбасти коммуникатсонӣ то ҷое раҳо гаштем, саноатикунонӣ низ, ки ҳадафи навқабулшуда аст, дар ҳоли рушду тавсеа қарор дорад.

Аммо дар таъмини бехатарии озуқаворӣ метавон гуфт ба ҳар ду по мелангем. Ҳарчанд мегӯем, ки тавлиду истеҳсолоти маводи хӯрока дар кишварамон побарҷост ва дар ин замина пешрафтҳоеро ҳосил шудаем, аммо не, саршор аз маводи озуқа будани рафу растаҳои бозору мағозаҳоямон нишонгари он нест, ки бехатарии озуқаворӣ дар кишвар таъмин аст. Танҳо дар он маврид метавон аз таъмини бехатарӣ ҳарф зад, агар воридотивазкунандаи маводи ғизоиро дар Ватан соҳиб бошем. Аммо не, он чӣ дар Ватан истеҳсол мекунем, барои аҳолӣ басанда нест ва маҳз ҳамин басанда набудан сабаби болоравии нархи озуқа гаштааст.

Сарвари давлат зимни ҳар дидору мулоқот бо афроди масъул онҳоро вазифадор месозанд, то дар танзими нархи бозор тамошобин нагашта, балки аз худ пешдастиву фаъолнокӣ нишон диҳанд. Масъулини фармонбардор ду даст пеши бар, гуфтаҳои Пешвои миллатро аз як гӯш қабул кардаву бо гузашти андак муддат он ҳамаро аз гӯши дигарашон бадар месозанд.

Ранг бину ҳол пурс!

Ҳарчанд гӯшти тоза дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ фаровон аст, аммо нархи он, ки аз 55 то 60 сомониро ташкил медиҳад, ҷавобгӯи кисаи дарбеҳгаштаи мардуми камбизоат нест ва чунин омилро қассобҳои шофбурут дар камчинии мол маънидод мекунанд. Магар чунин хулосабарориҳои қассобу дигар аз масъулини бозор воқеият дорад?  Чаро ин теъдод аз ба саҳнагузорандагони “намоишномаи” “Бозору харидор”-ро касе имкону тавони ба роҳ даровардан надорад? Ё аз маблағи “намоишнома” чанде аз масъулон даҳон ширин мекунанд?

Аммо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар маълумотеро дар ихтиёр дорад, ки ҳар гуна гуфтаҳои подарҳавои қассобҳову масъулини бозорро ботил мегардонад. Чунончи, дар гузориши Агентӣ “Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли 2020” омадааст, ки “То 1 августи соли 2020 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2375,5 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5 ҳазор сар ё 1,1 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5880,2 ҳазор сарро ташкил дода, 106,9 ҳазор сар ё 1,9 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 92,9 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 80,7 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.”

Дар идомаи гузориши Агентӣ омада: “Дар моҳҳои январ-июли соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва майда (дар вазни зинда), дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 95025 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 3,6 фоиз зиёд мебошад.”

Қазияро худ таҳлил кунед: Маҳз дар ҳамин муддат, ки истеҳсоли гӯшти чорво дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст, нархи гӯшт аз 50 то ба 55-60 сомонӣ расидааст. Чӣ, магар аҳолӣ зиёд шуд ё талабот нисбат ба гӯшт дар давраи бемории короновариус бештар гашт? Пас, ба кӣ бовар кунем? Ба қассобҳое, ки дар ғами чарбуанд ва ё ба маълумоти расмӣ? Дар ҳоле, ки саршумори чорвои калони шохдор (аҷаб ибораи дилбеҳузуркунандае), рушд дорад, пас чаро нархи як кило гӯшти гову мол  то ба 60 сомонӣ дакка хӯрдааст?

Имтиёздорҳо сӯистифода мекунанд

Бино ба маълумоти Агентии омор, истеҳсолу парвариши гӯшти мурғ низ дар ин давра зиёд нишон дода шудааст. Чунончи,  “…истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳама категорияҳои хоҷагидор ба 15123 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 баробар зиёд мебошад.” Бале, 2 баробар зиёд! Аммо дар ин баробар қимати он низ ба маротиб боло рафтааст? Чаро? НАФС қонеъ нест, НАФС! Ҳарчанд фоидаи зиёд ба даст ояд, боз дил мехоҳад, ки фоида ба даст ояду фоидаву фоида. Зеро фарҳанги тиҷорату муомилоту муносиботи мо чунин аст, ки чӣ илоҷ, ки аз мост, ки бар мост!  Ин ҳама дар ҳолест, ки бо дастур ва пешниҳодоти Сарвари давлат ба афроде, ки ба мурғпарварӣ машғуланд, имтиёзоти иловагӣ муқаррар гаштааст. Пас, чаро соҳибимтиёзҳо суиистифода аз имтиёзоташон мекунанду ниҳоде нархи сабзиву пиёз аз онҳо намепурсад?!

Ҳатто теъдоде аз бандаҳои нафс ба хотири қонеъ гардонии нафси аммораи худ даст мезананд ба ҳар гуна фасодкориҳое дар роҳи тиҷорату ба фурӯш гузоштани масолеҳи гӯштӣ, ки ба ҳеҷ гуна қавонини исломиву инсонӣ рост намеояд. Чандин маротиба тариқи ВАО-и кишвар матлабу гузоришҳо роҷеъ ба тиҷорати гӯшти пастсифату бадбӯву ҳайвони ғайр (хар) манзури хонандагону бинандагону шунавандагон гардида буд. Кӣ кафолат дода метавонад: дар таркиби “шашлики Хуҷандӣ”, ки имрӯз ин қадар маъруфу машҳур аст, гӯшти ғайр ё ба қавле ҳаром нест? Ҳасибе, ки мо истеъмол мекунем ва як бандчаи хурдакаки он аз 8 то ба 15 сомонӣ қимат дорад, магар гӯшти тоза аст, дар ҳоле ки нархи як кило гӯшти гову гӯсфанду буз, аз 55 то 60 сомонист?

Ггӯшти қимма (фарш)-и қассобон: таркиби он иборат аз рудаву гушу ишкамбаву дигар қисматҳои бадани гову мол аст, ки баробар бо нархи гӯшти тоза пешкаши мизоҷон гардонида мешавад. Пас, чаро “Тоҷикстандарт”-у Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ки аз буҷети кишвар маош мегиранду миёни соҳибкорону фурӯшандаҳо “сиёсатдоранд”, ин масъаларо, ки ҷузъе аз таъмини амнияти озуқаворӣ ва яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аст, татбиқу амалӣ намесозанд? Дасти дароз надоранд ё…? Пас, танзими нархи маҳсулоти бозор дар дасти кист? Дар дасти фурӯшандаҳо, масъулони бозор, ҳар гуна агентиҳо ва ё вазорате?

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *