Амонуллохон Носириро 19 сол ҳабс карданд

Додгоҳи Хуҷанд Амонуллохон Носириро барои фирор аз зиндон ба 5 соли дигар маҳкум кард. Носирии 26-сола, ки барои ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 24 ноябр аз маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд фирор кард, вале баъди ду рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Чилгазии Исфара дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Амонуллохон Носирӣ, сокини деҳаи Чилгазии ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфараро бар асоси қисми аввали моддаи 365-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳадди аксари ҷазо бар асоси ин банди Кодекси ҷиноятист.

Додгоҳ ҳамзамон маъмури зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд Даврон Набиҷоновро, ки дар чорчӯби ин парванда ба хунукназарӣ айбдор мешуд, ба далели «изҳори пушаймонӣ” аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

Амонуллохон Носирӣ шоми 24 ноябри соли 2016 аз маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор кард, вале алакай рӯзи 26 ноябр дар зодгоҳаш – деҳаи Чилгазӣ дастгир шуд.

Амонуллохон Носирӣ дар соли 2009, вақте ҳамаӣ 18 сол дошт, барои ғоратгарӣ ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд. Акнун бо иловаи 5 соли дигар ба ҳукми қаблиаш ин зодаи Исфара то соли 2028, ки ба синни 37 мерасад, пушти панҷара хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *