Амрико ба Халиҷи Форс боз 1000 сарбоз мефиристад
Амрико эълон кард, ки ба минтақаи Халиҷи Форс неруҳои тақвиятӣ мефиристад. Ин дар ҳолест, муносиботи ИМА бо Эрон торафт тезу тунд мешавад.
Амрико эълон кард, ки ба минтақаи Халиҷи Форс неруҳои тақвиятӣ мефиристад. Ин дар ҳолест, ки муносиботи ИМА бо Эрон торафт тезу тунд мешавад.
Патрик Шэнахэн, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Амрико далели ин тасмимро ба амалҳои душманонаи Эрон дар Халиҷи Форс марбут хонд.
Моҳи гузашта Амрико ба ин минтақа 1500 нафар неруҳои худро ирсол карда буд.
Рӯзи 17 июн Идораи ҳарбию баҳрии ИМА аксҳоеро нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки ҳамлаи ахир ба киштиҳои нафтбар аз ҷониби Эрон сурат гирифтааст.
Эрон рӯзи 17 июн гуфт, ки дигар побанди созишномаи ядроӣ нест ва шартҳои созишномаи 2015-ро иҷро нахоҳад кард.
Ҳамчунин, Эрон ҳама гуна иддаоҳо мабнӣ ба даст доштанаш дар ҳамла ба киштиҳои нафтбарро дар Халиҷи Форс рад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ