Амрико: «Кӯдакони тоҷик дар Афғонистон ба гадоӣ маҷбур мешаванд»

Вазорати умури хориҷаи Амрико бо нашри як гузориш дар бораи вазъияти қочоқи инсон дар ҷаҳон хабар дод, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишвари манбаи қочоқи мардон, занон ва кӯдакон бо ҳадафҳои истисмори ҷинсӣ ва  кор иҷборӣ мебошад.

Дар ин гузориш, ки рӯзи Ҷумъа, 1 июл нашр шуд, омадааст, ки муҳоҷират густурдаи иқтисодӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро дастхуши истисмор қарор медиҳад. Ба иттилои Вазораи умури хориҷаи Амрико, мардон ва занон тоҷик бештар дар Русия ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва то ҳадде дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба кори маҷбурӣ дар сохтумон ва корҳои кишварзӣ истифода мешаванд.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки занон ва кӯдакони тоҷик аксаран дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия, ҳамчунин, дар Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳатто дар дохили  Тоҷикистон қурбонии қочоқ ё истисмори ҷинсӣ мешаванд. Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Амрико «Занони тоҷик пас аз талоқҳои ғайрирасмӣ аз шавҳарони муҳоҷирашон ва бо таваҷҷӯҳ ба эҳтиёҷе, ки ба таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ доранд, ба таври фазояндае дар баробари қочоқи инсон осебпазиранд. Бархе аз занон, ки бо ваъдаҳои издивоҷ ба Сурия ва Ироқ сафар мекунанд,ба канизӣ ё бардагии ҷинсӣ фурӯхта мешаванд».

Дар идомаи ин гузориш таъкид мешавад, дар гузашта мавридҳои зиёде ба қайд гирифта шудааст, ки занони тоҷик ба Сурия рафта ба гуруҳи «Давлти Исломӣ» пайвастаанд. Он заноне, ки бо шавҳарони худ рафтаанд, баъди марги онҳо дигар роҳи баргашт надоранд ва ҳамчун бардаи ҷинсӣ истифода мешаванд.

Дар ин гузориш қайд мешавад, ки инчунин занон ва духтарони тоҷик барои издивоҷи маҷбурӣ ба Афғонистон қочоқ мешаванд ва бештаринашон дар вазъияти истисмори ҷинсӣ  қарор мегиранд. Кӯдакони тоҷик дар Афғонистон ба таври маҷбурӣ ба гадоӣ водор мешаванд.

Ин вазорат дар гузориши худ таъкид мекуна, ки  ҳукумати Торҷикистон талошҳои зиёде барои муқобила бо қочоқи инсон анҷом медиҳад, аммо ин кӯшишҳо кофӣ нестанд, зеро бархе механизмҳои қонунӣ ва идорӣ барои шинохтани қурбониёни қочоқ ва расондани кӯмак ба онҳо вуҷуд надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *