Амрико муҷаввиз медиҳад, Русия ба гуфтушунид даъват менамояд
Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Вашингтонро содир кард.
Иҷозатномаи муҷаввиз барои ифтитоҳи намояндагии байнулмилалии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Вашингтон, аз сӯи вазорати адлияи Амрико содир шуда, ба он хотир бисёр муҳим аст
Ин як эътирофи Ҷабҳаи муқовимат аз сӯи Амрикост. Аз ин ба баъд мо метавонем дар қаламрави ин кишвар озодона фаъолиятҳои сиёсии худро ба роҳ монем, аз ҷумла дафтару намояндагӣ ва марокизи луҷистикӣ дар он кишвар дошта бошем, расман ҳамчун як ҷониб бо мақомоташ мулоқот кунем ва ҳам бо фаъолиятҳои молӣ, аз ҷумла ҷамъ кардани кӯмакҳои башардӯстона ва пул барои ҷабҳа машғул бошем”, — гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, ҳудуди даҳ рӯзи қабл Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин муҷаввизро аз Иттиҳодияи Аврупо низ ба даст оварда, фаъолиятҳояшро дар Аврупо шуруъ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Русия аз ҷонибҳо талаб дорад,ки гурӯҳҳои даргир низоъро як су гузошта ру ба гуфтушунид оранд. Амалан ин даъватро,ки аз забони сухангуи Вазорати хориҷии Русия садо дод, чун даъват ба муросо бо Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) фаҳмидан мумкин аст, зеро қаламрави Афғонистон зери назари ин гурӯҳи террористӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ