Байрактар

“Анқо” баъди “Байрақтар”. Чаро Қирғизистон бесаринишини нав харид?

Қирғизистон аз Туркия дрон (беспилотник), ё ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Анқо” харидааст, ки тӯли қанотҳояшон то 17,5 метр бурда, метавонанд дар баландии беш аз 9 километр парвоз кунанд. Дар ин бора дар “Фейсбук” мудири шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дойирбек Орунбеков хабар дод.

Ӯ менависад: “Қирғизистон  техникаи ҳарбии муосири қаблан гӯшношуниди мудофиаи зиддиҳавоӣ — “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва “Aнқо” харида, ба кишвар ворид кард”.

Орунбеков теъдоди ин ҳавопаймоҳои бесарнишини аз ҷониби Қирғизистон харидоришударо нагуфт, вале хабар дод, ки барои харидории ин аслиҳаи муосир аз ҷумла пулҳоеро сарф кардаанд, ки аз ҳисоби қатъи пардохти мукофоти семоҳа ба кормандони давлатӣ сарфа шуда буд.

Орунбеков ба ин далел аз кормандони давлатӣ хост, ки агар мукофот нагирифтанд, аз раисони худ хафа нашаванд, чунки ин пулҳо барои тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат равона шудаанд.

Дойирбек Орунбеков менависад: «Ҳамкоронам аз хадамоти давлатӣ! Қарори маълум, пардохти мукофоти семоҳае, ки кормандони давлатӣ мегирифтанд, аз поёни соли гузашта муваққатан қатъ карда шудааст. Ҳукумат ба кадом далел додани ин мукофотро боздошт? Баъди задухӯрдҳо дар Бодканд таваҷҷуҳи вижа ба Қувваҳои мусаллаҳ ва амният равона шудааст. Мукофоте, ки ба кормандони давлатӣ дода мешуд, ҳоло ҳамчун саҳми онҳо барои таҳкими амнияти давлати мо равона мешавад. Қирғизистон техникаи ҳарбии муосири қаблан гӯшношуниди мудофиаи зиддиҳавоӣ — “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва “Aнқо” харида, ба кишвар ворид кард. Метавон гуфт, кормандони давлатӣ бо ин ки муваққатан мукофот намегиранд, як саҳми ҳадди ақал ночизе дар таҳкими амнияти кишвар мегузоранд”.

Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаҳои “Байрақдор”, “Оқсунғур” ва “Оқинҷӣ” харида, дар ихтиёри неруҳои марзбонӣ гузоштаанд. Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки ин дронҳо асосан ба вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд фиристода мешаванд.

Ҳавопаймои бесарнишини “Анқо” аз насли нави дронҳо ба шумор рафта, тӯли қаноташ 17,5 метр, дарозиаш 8,6 метр ва баландиаш 3,2 метр аст. Вазни ин дрон 1,7 тонна буда, он метавонад то 350 кило бор бигирад ва то 30 соат парвоз кунад. Суръати ҳаракати “Анқо” 200 километр дар як соат буда, он метавонад дар баландии беш аз 9 километр парвоз кунад. Дар ҷараёни муноқишаи хунини моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 140 кушта ва 750 захмӣ ба ҷо гузошт, Қирғизистон ба таври фаъолона аз дронҳои аз Туркия харидааш истифода бурд. Дастикам ду ҳамлаи пурқурбонӣ ба иншооти мулкӣ: ба як мактаб ва масҷид дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси ҳалокати 18 сокини мулкӣ шуд, аз ҷониби Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *