Анҷело Пагоҳӣ — Афғонистон

Дар меҳмонии баҳор

Эй кош миёни ману ту ҷўши муҳаббат,

Ошуфтатар аз пеш шукуфон шавад имрўз.

Чун ғунҷа бихандем ба ғамҳои замона,

То чарх ба хашм афтаду тўфон шавад имрўз.

Дар бодияи маънии шеърам шарар афкан,

Бо ҷилваи ҳар сабза бигў он шавад имрўз.

Парвоз кунем дар пайи андеша чу борон,

Бо дидаи хуршед чароғон шавад имрўз.

Бар панҷаи гулбози баҳорон бикушоям,

Ин дафтари дилро, ки гулистон шавад имрўз.

Бо нашаи намноки майи сабзи табиат,

По кўбаму гўям, ки баҳорон шавад имрўз.

***

Дар нигоҳат

Дар меҳмонии чашмонат

Гармии забони ишќро,

Чакида – чакида

То нопойдории шаб,

Дар васвасаҳоям

Таҷриба кардам.

Ва омадани лаҳзаи зебо,

То булўғи лаҳзаҳо,

Дар ман мерўйид.

انجیلا پگاهی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *