Анҷело Пагоҳӣ – Афғонистон
Ҷилва
Магузор бо нигоҳат, дили беқарор имшаб,
Бизанад ба сина ин дил, саре бор-бор имшаб.
Сухане магўй ҷонам, ки нагуфтаҳот донам,
Зи забони ҳар ишорат, лабе сугвор имшаб.
Манан он ки ҳастиямро супуридаам ба чашмат,
Зи мане зи худ бурида, аҷаб интизор имшаб.
Агар ошёнаамро зи ғамат ба бод додам,
Караме кун, эй шаҳаншаҳ, ками мо мадор имшаб.
Таби интизор кам кун, ки дилам аз ин қафас рафт,
Ба ҳавои кунҷи боме макашаш ба дор имшаб.
Ба кафи умедворат бигузорам ҳарчӣ дорам,
Агарам, ки ақл дорад сари ихтиёр имшаб.
Зи лабе, ки майгусорасту нигаҳ, ки шуълабор аст,
Ба самои обу оташ дудилӣ мадор имшаб.
Чӣ ҳисест ин ки рўйи ба ҳавосам ошиқона,
Рухи туст мешукуфад ба чамани баҳор имшаб.
***
Фатво
Онгаҳ, ки ҷавонаеро,
Дар таровати андоми баҳорияш,
Сар мебуранд,
Ва тақдирашро дар шоҳроҳи асорат,
Ба занҷир мекашанд.
Ва дар ҳошияи наботии ранги шубобаш,
Умедро ботил,
Ва ҳавасро аз халқ меовезанд,
Мебинем,
Дар ҳукумати ин фатво,
Зане ноумед,
Зинда месўзад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ