Ангишт. Манбаи гармӣ ё заҳролудшавӣ?

Шаби 5-уми марти соли равон бар асари заҳролуд шудан аз дуди ангишт 3 узви як оила ҳалок шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон сокинони деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор будаанд. Фавтидагон узви як хонавода — падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-сола будаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафтаи охир ин ҳодисаи дуюми аз дуди ангишт ҳалок шудани сокинони кишвар аст. Шаби 28-уми феврал низ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуда буданд.

Бо сард шудани ҳаво дар даҳ рӯзи охир дар кишвар мушкили интиқоли барқу гармӣ пеш омад ва сокинони кишвар маҷбуранд, ки аз ангишт истифода баранд. Ангишт яке аз василаҳои арзон ва дастраси гарм кардани хонаҳост, вале зараррасон низ ҳаст ва гоҳо оқибати фалокатбор дар пай дорад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар барои пешгирӣ кардан аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт тавсияҳо нашр кардааст.

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

— бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шуъла гардад;

— ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

— ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

— ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.

Ёрии аввалин барои пешгирии заҳролудшавӣ:

— Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

— Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

— Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

— Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед.

— Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

— Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *