Анна Попова дар озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе
Дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дирӯз роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, озмоишгоҳҳои мазкур бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд, ки дар онҳо ташхисҳои гуногун бо сифати баланд гузаронида мешаванд.
— Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамзамон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот намуд,- хабар медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ