ШОС

Арабистони Саудӣ узви СҲШ шуданист

Мақоми шарики муколамаро касб кардан қадами аввалини пазируфтан ба узвияти комилҳуқуқи Созмон дар давраи миёнамуҳлат маҳсуб меёбад.

— Таҳти раёсати шоҳ Салмон бин Абдул Азиз Ал-Сауд ҷаласаи Девони вазирони Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ки дар он ёддошт дар бораи додани мақоми шарики муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шоҳигарӣ тасдиқ шуд,- хабар медиҳад Агентии чопи Саудӣ.

Узвияти Арабистони Саудӣ ба СҲШ дар рафти сафари раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ба ин кишвар дар моҳи декабри порсол матраҳ шуда буд.

Пас аз эъломи ширкати нафту гази Saudi Aramco дар бораи афзоиши сармоягузории чандмиллиарддоллариаш ба Чин чунин тасмим гирифта шуд. Дар назар аст, ки дар шимолу шарқи мамлакат корхонаи муштараки коркарди нафт ва корхонаи нафту кимиё сохта мешавад.

То ҳол кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ мебошанд. Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон мақоми кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мақоми кишварҳои шарик дар Созмонро доранд.

16-уми сентябри соли гузашта дар нишасти Самарқанд бо кишварҳои Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ ёддоштҳо дар бораи шарикӣ ба имзо расида, инчунин, кишварҳои Баҳрайн, Кувейт, Малдив, Мянма ва Амороти Муттаҳидаи Араб барои гирифтани мақоми шарикони муколама пешниҳодоти худро расман оғоз карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *