Арзиши бензин 40% боло рафт

Сар аз 15 ноябр арзиши бензин дар Узбакистон ҳудудан 40% боло рафт. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳукумати он кишвар дар ин бора қарор қабул кардааст. Иттилои мазкурро «Ӯзбекнефтегаз» низ тасдиқ кард.

Дар қарор зикр шудааст, ки фурӯши чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 1000 сӯм боло рафат, 3800 сӯм (тақрибан 4,5 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод. Бинзини навъи АИ-91 4300 сӯм хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ин навъи бензин то замони болоравӣ 3000 сӯмро ташкил медод. Нархгузории нав дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории саросари Узбакистон амал хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қарор ба чанд далел, аз ҷумла, норасоии сӯзишворӣ дар саросари кишвар қабул шудааст.

Мақомоти давлатии Узбакистон бовар доранд, ки ин тасмим метавонад, ҳамаи даллолонро аз бозори бензин берун кунад.

Ҳукумати Узбакистон қиммати бензинро ҳамасола боло мебарад. Дар соли 2016 арзиши бензин ду маротиба боло рафт — ибтидои сол ва дар моҳи октябр бензин 30 дар сад гарон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *