Асал. Кафолати зебоӣ ба бонувон

Асал маҳсулоти беҳтарини табиӣ буда, пиршавии пӯстро пешгирӣ мекунад. Дар Мисри қадим ва Ҳиндустон занҳо ҳамарӯза ширу асалро якҷоя карда, ба пӯсти рӯяшон мемолиданд, то ки ҷавону зебо бимонанд. Олимони муосир таркиби асалро ҳамаҷониба омӯхта, ба хулосае омаданд, ки бонувони замони қадим хато намекардаанд. Асал дар ҳақиқат хусусиятҳои зебоиофарӣ дорад. Барои исботи ин гуфтаҳо, чанд ниқоби асалинро ба шумо пешкаш месозем. 

Барои рӯй

1. Якқошуқӣ ҷурғоту асал ва зардии як дона тухмро бо ҳам лат зада, ба пӯсти тозаи рӯятон молед ва тақрибан 20 дақиқа нигоҳ доред. Пасон метавонед бо оби ширгарм бишӯед.

2. Каме асалро бо равғани лаванда омехта карда, бо чӯбчаи пахтадор ба нараки рӯятон моледу шабона нигоҳ доред. Манфиати онро баъди чанд рӯз хоҳед дид.

Барои мӯй

1. Ду қошуқ асалро бо 2 қошуқ шири гарм, 1 қошуқча равғани растанӣ ва мағзи ду пора нони сиёҳ то яклухт шуданаш лат занед. Маҳлули омодашударо муддати 5 дақиқа ба решаҳои мӯятон моледу баъдан бо рӯймоли ғафс ё сачоқ саратонро печонед. 15 дақиқа пас метавонед саратонро шӯед. Ин барои мустаҳкам шудани решаҳои мӯй беҳтарин восита аст.

2. Як қошуқ асалро дар як литр об ҳал кунонида, мӯйи саратонро бо он чайқонед, баъдан саратонро бо сачоқ печонида, як соат истед. Баъдан бо оби ширгарме, ки ба он як қошуқча шарбати лиму илова шудааст, мӯйҳоятонро обгардон кунед. Ин мӯйро ҷилонок месозад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *