Ашраф Гулов Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шуд
Ашраф Гулов Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин гардид. Дар ин бора фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16-уми август ба имзо расид.
Ашраф Гулов то ин замон сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Тақрибан як ҳафта қабл ваколати сафириаш дар Туркия ба охир расида буд.
Баҳодур Шарифӣ бошад, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб озод шуд. Ӯ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн буд.
Ёдовар мешавем, ки Ашраф Гулов моҳи июли соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардида буд. Ӯ то ин мақом дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия ва сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ фаъолият дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ