Аскар Акаев ба Қирғизистон бармегардад?
Парвандаи ҷиноятӣ ба зидди президенти собиқи Қирғизистон Аскар Акаев қатъ карда шуд.
Намояндаи хадамоти матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон Сироҷиддин Камолидиновгуфт, Аскар Акаев ба даст доштан дар сӯйистифода аз мансаб ва хунукназарӣ дар мавриди бастани қарордод бо ширкати канадагии “Камеко” дар соли 1992 ва хусусӣ кардани кони тиллои Қумтор дар соли 2003 айбдор мешуд.
Акнун парвандаи Акаев бо сабаби гузаштани муҳлати ниҳоии ба ҷавобгарӣ кашидани нафари муттаҳам қатъ карда шуд. Аз ин ба баъд Акаев метавонад озодона ба Қирғизистон омадурафт кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ