Ҷавоби «на»-и аъзои Шанхай ба дархости Русия дар мавриди Эрон
Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар дархости Русия дар иртибот ба қабули Эрон ба ҳайси увзи доимии ин созмони минтақавиро рад карданд.
Русия аз аъзои ин созмон дархост карда буд, ки Эрон низ дар қатори Покистон ва Ҳиндустон ба аъзогии ин созмон пазируфта шавад, ки ҷавоби «на» гирифт.
Намояндагони Эрон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар Тошканди Узбакистон баргузор шуд, гуфтаанд, ки бо бардошта шудани таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Эрон дигар монеъае барои пайвастани ин кишвар ба узвияти созмони мазкур вуҷуд надорад, аммо аъзои созмон ба ин дархости кишвари Эрон ҷавоби рад додаанд.
Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи вижаи Путин дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки «Мавқеи Русия дар баробари қабули Эрон ба узвияти ин созмон рушан аст, вале бояд ҳама кишварҳои узви созмон тасмим бигиранд. Ин дафъа бо тафовуқ бо ҳамкоронамон шикаст хурдем, вале ҳануз кор тамом нашудааст»- гуфтааст, намояндаи Путин.
Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай Покистон ва Ҳиндустон ба ҳайси узви доимии ин созмон пазируфта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ