Автобусҳо сари микроавтобусҳоро мехӯранд?!
Довталабони кор дар автобусҳои мусофирбари шаҳри Душанбе бояд сокини пойтахт бошанд, зикр шудааст дар эълони шаҳрдорӣ
Шаҳрдории Душанбе эълон додааст, ки корхонаҳои мусофирбарии пойтахт ронандагони автобусу троллейбусро меҷӯянд.
«Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «Д» ва собиқаи кории на камтар аз се солро дар автобусу троллейбусҳо доранд, ба кор даъват менамоянд», — омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.
Таъкид шудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд барои маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Манбаъ барои тамос бо корхонаҳои
«Автобус-1» рақамҳои 988 70 44 00, 901 70 44 00,
“Автобус-3” – рақамҳои 918 63 14 93, 918 79 05 05
«Троллейбус» — 908 00 57 80-ро пешниҳод кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Душанбе изҳори ният карданд, ки дар оянда тамоми микроавтобусҳоро аз кӯчаҳои шаҳр барчинанду хатсайрҳои автобусиро роҳандозӣ намоянд.
Аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бармечинанд, гуфт муовини шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода ва афзуд, ки ин иқдом ба навбат дар тамоми шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ