Автобус таксиро ба сутун часпонд (аксҳо)

Ин дуюмин садамаи вазнини моҳи равон дар шаҳри Душанбе аст.

Тавре яке аз хонандаи сомонаи pressa.tj хабар дод, дирӯз, 14-уми феврал дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ садамаи атомобилӣ бо ширкати автобуси мусофирбар ва таксӣ рух дод. Автобус бо суръати баланд ба таксие, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрд.

Ҳамчунин, ба гуфти шоҳидон дар он ҷо боз як мошини “Тойёта” ҳам дар ин садама зарар дидааст. Хушбахтона, дар ин вақт ронандаи таксӣ дар дохили мошинаш набудааст.
Чанд рӯз пештар чунин як ҳодиса дар назди меҳмонхонаи “Вахш” рух дод, ки он замон низ дар садамаи нақлиётӣ мошини таксӣ ширкат намуда буд. Дар садама касе зара надидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *