Аввалин клипи Басстер нашр шуд

Басстер. Чанд моҳ мешавад, ки ин ном миёни рэпсароён ва ҳаводорони рэп маҳбубияти хоса пайдо кардааст.

Чанд рэпи охири ин рэпсаро ба қавле яке паси дигаре “хит” мешаванд ва рӯз аз рӯз ҳаводоронаш зиёд мегарданд.

Ҳафтаи сипаригашта Басстер аввалини клипашро бо номи “Ашкм” нашр намуд, ки аз ҷониби ҳаводорони рэпи тоҷикӣ бисёр хуб пазируфта шуд.

Рэпи мазкур дар 6 шабонарӯз наздики 700 ҳазор тамошобин пайдо намуд ва ин натиҷа дар миёни рэпсароёни мо беназир аст. Ҳамчунин, рэпсаро аз ин гуна дастгирии мардум хушҳол буда, дар “сториз”-ҳои Инстаграмаш пайваста изҳори миннатдорӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *