Ayzik Lil Jovid аз модару маъшуқаву ғарибӣ гуфт

Рэпсарои маъруф Ayzik Lil Jovid рэпи нави худро бо номи “Ғарибӣ — 2” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Агарчӣ рэпи мазкур “Ғарибӣ — 2” ном дошта бошад ҳам, дар он се мавзуъ ҷойгир шудааст: модар, хиёнати маъшуқа ва ғарибӣ.

Рэпсаро дар қисми аввал пурра дар бораи дурӣ аз модар, ғамхориҳои ӯ ва дигар хислатҳои фариштаи заминӣ гуфта, чунин мисраъҳоро меорад:

Ба фикрм очаҷонм, ту гиря кардестӣ ҳозӣ,

Зиқ нашав, мурам туда, ту розӣ, Худо розӣ.

Ayzik Lil дар мавриди ғарибӣ ва саломатии модар, ки дар меҳвари рэп ҳастанд, як мисраи машҳури Раликро аз “баттл”-и охираш дар рэпаш ҷой додааст:

Ҳазор нобути мо, саломатии модар бошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло мисли солҳои пеш дар мавзӯи ғарибӣ рэп хондан мӯд нест, вале ҳастанд рэпсароёне, ки каму беш ба ин масъала рӯ меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *