Аз қиссаҳои ду ҷанг то “гила” аз Президент (видео)

Абдулазиз Қодирови 104-соларо рӯйи ҳавлиаш дар ноҳияи Шаҳринав машғули нигоҳубини гулҳо дарёфтем. Иштирокчии ду ҷанг — ҷанги Шӯравӣ бо Финландия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳмони навбатии барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютюканлаи Pressa.tj буд. Фишурдаи суҳбати мо пешкаши шумо мегардад.

Сарбози ду ҷанг

— Шумо калимаи ҷангро бори аввал кай шунидед?

— Мо аввал калимаи ҷангро нафаҳмидем. Орзу мекардем, ки ба хизмат равему фуражкаро ба сар монему тасмаро таранг баста, мӯзаҳоро лок зада қадам занем. Соли 1939 Иттифоқи Советӣ бо Финландия ҷанг оғоз кард. Моро ба ҷанг даъват карданд. Ман он вақт 17-сола будам, вале худамро 18-сола навишта, ба ҷанг рафтам. Мо ҳамагӣ як ҳафта дар муҳорибаҳо иштирок кардему ҷанг тамом шуд. Пас аз ин, моро тариқи баҳри Каспий ба шаҳри Ленкорани Озарбойҷон, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, оварданд. Дар ҳамин ҷо қариб ду сол хизмат кардем. Ман снайперист будам. То адои хизмати мо ҳамагӣ 2 моҳ монда буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Моро ҳамчун солдати куҳна ба Эрон дароварданд. Эрон он вақт мустамликаи Англия буд ва инҳо ба муқобили Олмони фашистӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ муттаҳид буданд. Олмониҳо мехостанд, ки нефти Бокуро ба даст оранд, вале мо аскарони советӣ бо англисҳо роҳи немисҳоро бастем ва нефти Бокуро ҳимоя намудем. Ду моҳ баъд аскарони ҷавонро ба ҷойи мо оварданд ва моро ба фронт гуселониданд.  

Ба кадом қисмати даргириҳо рафтед?

— Ба фронти ҷанубӣ. Тариқи куҳи Қафқоз Доғистонро убур карда, ба шаҳри Новоросийск рафтем. Як моҳ машқ карда, тариқи баҳри Каспий ба шаҳри Керч зада даромадем. Ҳамон рӯзи якум нисфи шаҳрро гирифтем. Монда шудем. Фармуданд, ки ҳар як отделений дар як хона хоб кунад. 4 отделений ба чор хона тақсим шудем. Иттифоқо немисҳо гурехта натавониста, дар таҳхонаи хонаҳо паноҳ бурда будаанд. Ҳамон шаб сарбозони мо хаста шуда хоб мераванд. Немисҳо аз таҳхона баромада, ду отделенияи 12-нафарӣ, 24 нафарро реза-реза карда, гӯшташонро дар мобайни хона тӯб мекунанд. Саҳар вақти наряд отделенияи сеюм ва чорум наомад. Рафта бинанд, аҳвол чунин. Чунин ҳодисаи даҳшатоварро ман шоҳид шудам. Вале мо шаҳри Керчро дар муддати кӯтоҳ аз фашистҳо раҳо кардем. Баъди ин ба мо супориш шуд, ки барои озод кардани Севостопол равем. Дар он ҷо доту дзоти советиро фашистон ғасб карда, камин гирифта буданд. Мо бо азоби зиёд ва талафоти калон ин шаҳрро низ озод кардем. Шеър мехондем:

Севостополь не сдадим,

Это Наш столица,

Через море передем,

Это наш граница…

Ривояти ахта кардани Гитлер

Шумо дар баробари снайперист будан як муддат разведкачӣ ҳам будед. Аз ин даврон чӣ хотирот доред?  

— Бале. Вақте дар ҳудуди Украина меҷангидем, ман разведкачӣ будам. Як рӯз моро ба разведка фиристода, супориш доданд, ки одами зинда биёред. Рӯзи дароз кофтуков кардем. Дар ҷангал як ҷонзоди зинда набуд. Як вақт бинем, тани як дарахт почамонак кардагӣ. Ба боло нигоҳ кунем, хонача сохтагӣ. Яке аз рафиқонамон баромад. Сардори штаби немисҳо харита дар наздаш кушода, хобаш бурдааст. Ӯро овардем. Ба мо 12 шабонарӯз истироҳат доданд.

— Истироҳати шумо чӣ тавр сипарӣ мешуд?

— Дар ягон шаҳри ақибгоҳ. Бештар шароит пайдо карда, мехобидем…

Ман аз даврони разведка як воқеаи ҷолиби дигарро ба шумо нақл мекунам. Моро боз ба разведка фиристоданд. Даруни ҷангал мерафтем, ки тайёраҳои фашистон бомба мепартофтанд, вале онҳо ба дарахтҳо кашол мешуданду наметаркиданд. Мо дар ҳайрат шуда, ба қисми ҳарбӣ хабар додем. Сапёрҳо омаданд. Вақте болои дарахт баромаданд, маълум шуд, ки бомба неву дар халтаҳо одам будааст. Даҳони линчаҳо дӯхта шуда, бо ду забон мактуб дорад: “У нас бомба не хватает, ми вас евреями бомбём”. Бештари аҳолии шаҳри Одесса яҳудӣ буданд, онҳоро зинда ба зинда мепартофтанд. Даруни халта лахт-лахт мешуданд.

— Чаро маҳз яҳудиҳоро бо чунин шева мекуштанд?

— Як командири куҳансол ба мо ривоятеро нақл карда буд. Гитлер дар хонаи як яҳудӣ хизматгор будааст. Хӯҷаин сарватманду машғули кори савдо будаааст. Чун Гитлер ба воя мерасад, ҷавони хӯшрӯ мешавад. Хӯҷаин хавф мебарад, ки мабодо ӯ бо занаш ягон алоқа накунад. Бинобар ин, Гитлерро ахта мекунад. Вай бо қасос таҳсил карда, дар соҳаи ҳарбӣ ба дараҷаҳои баланд мерасад ва роҳбари кишвар мешавад. Ҳамин аст, ки ӯ тамоми умр аз яҳудиҳо қасос мегирифт.

“Хати сиёҳ” ва бозгашт ба Ватан

— Маргро кай бори аввал дидед?

— Ман натанҳо маргро дидам, балки онро эҳсос ҳам кардам. Ҳатто “хати сиёҳ”-и ман ба деҳа меояд ва аҳли хонавода маро дар ғоиб ҳафту бисту чил медиҳанд.

— Шумо чӣ тавр ярадор шудед?

-Ман дар яке аз муҳорибаҳо дар шаҳри Каменлом сахт ярадор шудам. Намедонам чӣ қадар вақт беҳуш будам. Як вақт ба ҳуш омадам, ки як мӯйсафеди мулкӣ дар аробаи якаспа ман ва як руси маҷруҳро савор мекунад. Пурсидам, ки моро ба куҷо мебарӣ? Гуфт ба госпитал. Як маротибаи дигар ба ҳуш оям, маро ба роҳи оҳан баровард. Хулоса, маро ба Сочи меорад. Духтарҳо дар замбарҳо беморонро бардошта барои ташхис мебаранд. Лекин дар чанд моҳ либосамонро накашида будему моро шабушк зер карда буд. Либосҳои моро кашида дар майдон оташ заданд. Дар даромади ҳаммом устоҳо мӯйи сару баданамонро тоза мекарданд. Духтарон моро шуста, баъд назди табибон мебурданд. Ман аҳволам бад буд. Ин саҳнаҳоро каму беш ба ёд дорам. Хулоса, дар Сочи дасту пойи маро, ки маҷруҳ шуда буд, баставу ба Боку мефиристанд. Аз он ҷо ба Қаршӣ меоранд, вале ман беҳбуд наёфтам. Дар ин давра, аз қисми ҳарбии мо ба хона “хати сиёҳ” меояд. Падарам бисту чил медиҳанд. Дар Қаршӣ каме беҳтар шудам. Дастам ба кор даромаду бо шеър мактуб навиштам.

Бисёр вақт аст, ки беҳушам,

На мактуб, на хабари хушам,

Сабаб он аст, ки беҳушам,

Ба даргоҳи ту менолам.

Хизматамро 5 сол шуд,

Ғарибӣ бар сарам бор шуд,

Дасту поям ярадор шуд,

Ба даргоҳи ту менолам.

Ба шаҳри Сочи хобидам,

Ба шаҳри Боку хобидам,

Ягон дармон наёбидам,

Ба даргоҳи ту менолам.

Ба шаҳри Қаршӣ меҳмонам,

Наметарсам ман аз ҷонам.

Табибон дорую дармонам,

Ба даргоҳи ту менолам.

Дасту поям мекард варам,

Табибҳо мешишт дар барам,

Оби дидем дар бистарам,

Ба даргоҳи ту менолам.

Ба Шаҳринав равон ҳастам,

Маъибу нотавон ҳастам,

Ба пойи норавон ҳастам,

Ба даргоҳи ту менолам.

Ҳамин тавр, аз Қаршӣ ба Душанбе барои табобат омада, ин ҷо ҷарроҳӣ шудаву шифо ёфтам. Падару модарам аз зинда мондани ман хабар ёфта, тӯй карданд. Барои баргаштан ба фронт омодагӣ медидам, ки фармони Сталин баромад, ки омӯзгорон ба фронт бурда нашаванд. Ҳамин тавр, ман ба кори муаллимӣ пардохтам.

Нигоҳе ба имрӯз

— Дар аввал гуфтед, ки дар ҷавонӣ орзу мекардед, то ба хизмати Ватан биравед. Вале ҷавонони имрӯза аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мегурезанд. Сабаб чист?

— Он вақтҳо, ки ҷанг набуд, мо орзу мекардем. Вале ҷангҳои солҳои 90ум мардуми моро тарсончак кард. Вале ман, ҳар ҷавонеро, ки мебинам, насиҳат мекунам, ки ба хизмат равад. Охир, ин вазифаи ҷонии ҳар як марди баномус аст.

— Шумо дар Украина ҷангидед. Имрӯз дар ин кишвар боз ҷангу хунрезӣ.

— Бале. Ман аз ахборот мебинам.

— Ба ин ҷанг чӣ назар доред?

— Мамлакатҳои Аврупо халқи русро дида наметавонанд. Масоҳати Русия ду баробари тамоми Аврупо. Боигариҳои зиёд дорад. Ҳамин аст, ки бо Русия мубориза мебаранд.

Шумо солҳои охир чанд маротиба ба Русия рафта омадед…

— Бале. Ман ба паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх даъват шуда будам. Ва чанд сол пеш ба шаҳри Санкт-Петербург барои гиромидошти хотираи неки қурбониёни Блокадаи Ленинград рафта будем. Моро рости гап дар ду сафар хеле эҳтиром карданд ва бо иззату обрӯ пазироӣ намуданд.

— Аз ин сафарҳоятон чӣ хотира доред?

— Аслиҳаи нави Русия маро ба ҳайрат меорад. Дар замони мо чунин силоҳҳо набуд.Ҳозир як яроқҳо бароварданд, ки ҳуши одам меравад.

— Агар ҷавон мебудед, ягон снайпери нағзашро ба даст мегирифтед?

— Бале.Снайпери мо ҳам бад набуд. 10 маротиба наздик ва 10 маротиба калон карда нишон медод. Мо аз мундираш немиса мешинохтем. Буз барин бошад, фил барин нишон медод. Мо ҳамеша тори дарахт мегаштему дар боми хонаҳо…

“Гила” аз Президент

Як суҳбати шумо бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар интернет машҳур шуд…

— Бале. Ин вохӯрӣ 4 сол қабл буд. Пеш аз ман як писар суҳбат кард, журналист будааст. Президент саволборон карданд, гаранг шуд. Як духтарак ҳам нағз суханронӣ кард. Чун навбати ман расид, аз ободиву дастовардҳо таъриф кардам. Ба ман ягон савол надоданд. Шояд синну соли 101-солаи маро ба назар гирифтанд. Дуо додам. Баъди дуо чун президент изҳори миннатдорӣ карданд, гуфтам: “Ҷаноби Олӣ, ман аз шумо гила дорам”. Ин ҷо роҳбарони ноҳия тарсидаанд, ки мабодо аз мо шикоят накунад. “Гилаи ман ҳамин ки нисбат ба ноҳияи Ҳисор ва Турсунзода ба ноҳияи мо кам меоед. Агар шумо тез-тез биёед, роҳҳо васеъ мешавад, иморатҳо қад мекашанд сериву пурӣ мешавад”,- гуфтам. Президент баъди маҷлис пеши ман хеста омаданд. Пурсиданд, ки кампиратон ҳастанд? Ман гуфтам кампир мурдагӣ. “Ҳозир аз ҳамин ҷо як кампира никоҳ карда, тӯй карда диҳам?”,- гуфта пурсиданд президент. Ман гуфтам, ки Ҷаноби Олӣ, барои кампир тиру дору нест. Хандиданд ва гуфтанд, ки равед ман ба шумо туҳфа мефиристам. Баъди хона омадан як-якуним соат нишаста будам, ки раисони Шаҳринаву Ҳисору Турсунзода бо Ёрдамчии Президент Раҳмонов даромаданд. Аз мошин 2 халта орд, ду халта биринҷ, равған, пиёзу картошкаву сабзӣ, як гӯсфандро кушта дар дока печонидагӣ… хулоса маҳсулоти хӯрокворӣ оварданд. Тоқиву ҷома, курта, шиму костюми нав пӯшониданд. Илова бар ин 1000 сомонӣ пул ҳам доданд. Ман дуо додам. Баъди ин тез-тез хабар мегирифтагӣ шуданд.

Асрори умрдарозӣ

— Чанд фарзанд доред?

-Ман 4 писару 4 духтар дорам. Як духтарам гузашт. Ҳамаи фарзандонамро хонондам, ҳама соҳиби зиндагии ободанд.

— Шумо 104 сол доред. Шукр ки бардаму солим ҳастеду қувваи ҳофизаатон низ хуб аст. Чӣ сирре ин ҷо ҳаст?

— Се гумон дорам:

Якум — дуои мардум. 47 сол омӯзгор будам, фарзанди халқро дар роҳи нек тарбия кардам. Албатта падару модари ҳаминҳо аз ман розӣ будагистанд…

Дуюм — дуои намозгузорон. Солҳои пеш дар ин ҷо масҷид набуд. Дар деҳа масҷид сохтем. Ман барои сохтмони масҷид бисёр талош кардам. То идораҳои боло давидам ва баъдан қисми зиёди корҳои устогиашро худам анҷом додам.

Сеюм — дуои падар. Дар зиндагии модарам ба падарам ду зан гирифта додам, ки ҳар ду аз зани худам 10-солӣ хурд буданд. Модари ман дардманд буданд. Як рӯз падарам хеле парешон хонаи ман омаданд. Дар ҳамсоягии мо як ҷавонзани аз шавҳараш ҷудошуда буд. Розигиашро гирифта ба падарам никоҳ карда додам. Се фарзанд таваллуд кард. Дар ҳомиладории дувум дар шикамаш сегоник будааст. Ҳасану Ҳусейн таваллуд шуданд. Дар вақти таваллуди тифли сеюм ҳам кӯдак фавтид, ҳам худаш. Боз кофта-кофта як ҷавонзани бефарзандро ба падарам гирифта додам. Фарзандони падарро ба воя расонид. Ҳоло ҳам зинда аст. Падарам дар ҳузури ҳама ба ман дуо доданд ва аз ман розӣ аз дунё рафтанд…

— Як дуо барои хонандагону бинандагони мо.

— Илоҳо, ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *