Аз 1 август қабули кӯдакон ба синфи 1 оғоз мешавад

Аз 1 август дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мегардад.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин:

— варақаи шахсии хонанда;

— ду дона расми 3х4;

— аризаи волидайн;

— шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

— ҳуҷҷати тиббӣ;

— шиносномаи волидайн дар ду нусха;

— шаҳодатномаи ақди никоҳ;

— маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.

Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум қабул карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *