Аз 1-уми август дар Тоҷикистон бақайдгирии синфҳои 1-ум оғоз мешавад

Барои кӯдаконе, ки ба синфҳои аввали муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ворид мешаванд, машғулиятҳо аз 1-уми август оғоз меёбанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, аз худи ҳамон рӯз дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба муассисаҳои таълимӣ оғоз мешавад.

 «Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар омодагӣ ба соли нави таҳсил идома дорад. Мувофиқи Барномаи ба таҳсил ба синфи 1 омода кардани бачаҳои 7-сола (ба муҳлати як моҳ), ки бо қарори коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, баъди ба қайд гирифтани талабагон таълим аз 1-уми август оғоз меёбад. Дар ин давра бо хонандагони синфи 1 давраи шиносоӣ гузаронида мешавад»,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки тибқи низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ барои қабули хонандагон ба синфи 1 ҳуҷҷатҳои зерин заруранд: маълумотномаи шахсии хонанда, ду дона акси андозаи 3х4, аризаи падару модар дар бораи қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхаи шиносномаи падару модар ва шаҳодатномаи ақди никоҳ.

Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷалби кӯдакони 7-сола ба синфи якуми зинаи аввали таълим ҳатмӣ мебошад. Имсол кӯдакони соли таваллудашон 2016 ба синфҳои аввал фаро гирифта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *