Аз 5 то 10 000. Озмуни гранти раиси вилояти Суғд эълон шуд

Барои гирифтани гранти раиси вилояти Суғд озмун эълон шуд.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, грантҳои раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудаанд.

“Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки грант танҳо ба сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ равона шудааст, дода мешавад. Андозаи грант чунин аст:

— 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ;

— 15 грант дар ҳаҷми 8000  сомонӣ;

— 30 грант дар ҳаҷми 5000  сомонӣ.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳа барои гирифтани грант ба мақомоти вилояти Суғд аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *