Аз Белорус мегурезанд, Лаҳистон роҳ намедиҳад

Дар марзи Белорусу Лаҳистон ҳазорон муҳоҷир бо фарзандони хурди худ дар ҳавои сард шабро саҳар карданд Чанд ҳазор гуреза дар гузаргоҳи марзии Кузнитса-Брузги, дар марзи Лаҳистону Беларус урдӯгоҳ сохтаанд. Қаблан як гурӯҳи бузурги муҳоҷирон талош карда буданд, ки аз Беларус ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд, аммо мақомоти Лаҳистон гузаргоҳи марзиро баста ва барои ҳифзи он нерӯҳои изофӣ ҷалб карданд. Гурезаҳое, ки ба хоки Лаҳистон ворид нашудаанд, дар назди марз хайма заданд ва бо кӯдакони худ шабро саҳар карданд. Муҳоҷирон гирдогирди хаймаҳои худ оташ барафтохта, худро аз сардӣ наҷот доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *