Аз Душанбе ба Бӯстон. Мавсума Муинӣ мансаби нав гирифт
Имрӯз, 26 –уми январ Мавсума Муинӣ аз мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе барканор ва бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид. Аслан, карераи Мавсума Муинӣ баъди омадан аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе оғоз ёфтааст.
Мегӯянд, ки зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ӯ зери таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сипас, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, он ба замони фаъолияти Маликшо Неъматов рост омад. Соҳибназарон ба ин назаранд, ки Мавсума Муинӣ бештар баъд аз гирифтани курсии муовини раиси шаҳри Душанбе ва ворид шудан ба командаи Рустами Эмомалӣ нуфузу эътибор пайдо кард. Ӯ то таъин шудани дар симмати раиси шаҳри Бӯстон бахши идеологии пойтахтро бар зимма дошт ва дар тамоми чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ мекард.
Мавсума Муинӣ 40 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.
Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.
Солҳои 2009-2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз 12 январи соли 2017 то имрӯз муовини раиси шаҳри Душанбе ва акнун раиси шаҳри Бӯстон аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод низ хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ