Аз гузориш марзи Афғонистон то лимити барқ дар Тоҷикистон

Ин ҳафта гузориши вежаи журналисти шинохтаи рус Георгий Зотов аз марзи Тоҷикистону Афғонистон мавзуъи меҳварии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аст. Георгий Зотов шореҳи “Аргументы и факты” ҳафтаи равон зимни сафари хеш аз Тоҷикистон ба марзи Афғонистон сафар кард. Ӯ бо сокинони манотиқи наздисарҳадӣ, коршиносон ва ҳатто Толибон мулоқот карда, бардоштҳояшро дар “Русҳо миёнашонро мешикананд” ном гузориш рӯйи қоғаз овард. Бардошту андешаҳои журналисти русро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj мутолиа кунед.

Сокинони манотиқи мухталифи кишвар ҳафтаи равон аз қатъи пайвастаи барқ шикоят мекунанд. Бисёриҳо менависанд, ки лимит дар кишвар оғоз шудааст. Хабарнигори “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода мавзуъи мазкурро пайгирӣ карда, омилҳои барқкуширо дар оғози рӯзҳои сард ҷӯё шуд. Оё зимистони имсола лимит ҷорӣ хоҳад шуд? Посухи ин суолро дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” ҷӯё шавед.

Дар озмуни телевизионии “Голос”-и Шабакаи аввали Телевизиони Русия Илҳом Тоҳиров ном ҷавони тоҷик ҳайати ҳакамонро тасхир кард. Дар матлаби фишурдае, ки хабарнигори ҳафтанома омода кардааст, шумо дар мавриди рӯзгори Илҳом ва роҳи тайкардааш ба саҳнаи бузург, зиндагиаш дар Чин ва нақшаҳои ояндааш огоҳ хоҳед шуд.

Хабари ногаҳонии ҳафтаи охир марги шоир ва донишманди тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ буд. Дар матлаби “Рамзи муқовимат ва адолат” рӯзгору пайкори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ инъикос шудааст.

Дар мусоҳибаи ҷолиби Бузургмеҳри Баҳодур бо Матлуба Қаноат ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, ки ҳафтаи равон реҳлат кард, аз ишқи поку самимии шоир ба ҳамсараш ва асрории хонаводагии ӯ огоҳ хоҳед шуд. Матлуба Қаноат дар бораи шавҳари маъруфаш китоби хотирот менавишт. Оё ин китобро ба охир расонид? Сири муваффақияти оилавии устод Мӯъмин Қаноат чӣ буд? Посухи ин суолҳоро дар мусоҳибаи “Матлуба Қаноат: Буду набудамро ба Мӯъминшоҳ бахшидам” мутолиа хоҳед кард.

Дар баробари ин, дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” матолиби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии зиёд ба нашр расидааст, ки мутолиаи он ба хонанда муфид мебошад.
“Тоҷикистон”-ро аз дӯконҳо пайдо кунед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *