Аз иҷоранишии раиси Левакант то бӯстонсарои шаҳрдори Бохтар
Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар имрӯз, 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “ман як бӯстонсаро, ду хона, саҳмияи Роғун бо бештар аз 14 ҳзаор сомонӣ ва як нақлиёти сабукрав дорам”.
— Дороии аз ҳама муҳими ман — ин саломатӣ ва ҳашт фарзанд аст,-афзуд вай. Ӯ гуфт, ки “дар шаҳри Душанбе як хона дар бинои баландошёна, як хонаи заминии сохтмонаш нотамом дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як бӯстонсарои дигар дар ноҳияи Варзоб дораму халос”.
— Шукронаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунем. Дар ин давра мардуми кишвар соҳиби хонаҳои алоҳида, мошин ва боигарӣ шуданд,- таъкид кард вай.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант ба суоли хабарнигорон дар мавриди дороии хеш гуфт: “Ман танҳо як хона дар шаҳри Душанбе дорам. Дар ҳамин хона бо фарзандон ва ҳамсарам зиндагӣ мекунам. Дигар ҳеҷ дороӣ надорам. Мошини шахсӣ ва чизи дигар ҳам надорам”.
Ӯ мегӯяд, ки дар ҳақиқат ҳамасола дар бораи дороии хеш эъломия пешниҳод мекунад. “Дар шаҳри Левакант дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам”,- афзуд вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ