Аз идомаи тармафароӣ то шарҳи КҲФ ва ҳушдор ба сокинон

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз зери тарма се нафарро бароварданд.

Бино ба иттилои КҲФ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон бар асари боришоти  шадид панҷ ҳодисаи лағзиши тарма ва ду ҳодисаи резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.

Чунончӣ, 17 феврал дар километри 550-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ лағзиши тарма сабт шудааст.

18 феврал дар километри 31-32 шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим ду ҳодисаи лағзиши тарма сабт шудааст. Инчунин, бар асари бориши тӯлонӣ дар километри 24-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим  резиши санг сабт гардид.

Ҳамзамон, 19 феврал дар километри 356-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ резиши санг сабаби баста шудани роҳ гардид.

Ҳамчунин, 19 феврал дар  километри 674-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ва дар километрҳои 26-27-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма лағзиши тарма сабт шуд.

Шаби 17 ба 18 феврал дар километри 158-уми роҳи Душанбе-Чанок, мошини сабукрав, ки ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, зери тарма монд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон мусофиронро аз мошини зери барфмонда берун овардаанд.

Кумита ба сокинони кишвар муроҷиат намудааст, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки  ҳавои номусоиду сард дар қаламрави Тоҷикистон то 21 феврал идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *