Аз ифтихор то ибтикор. То кай ту бо гузаштагон менозӣ?

Миллати мо дар ифтихор аз гузаштагони хеш сарҳади эътидолро убур мекунад. Инро дар ҳаёти рӯзмарра мушоҳида мекунему мебинем, ки ин ифтихор моро то ҷое танбал кардааст.

То кай ту бо гузаштагон менозӣ?!

Аз касе пӯшида нест, ки мо ворисони абармардоне чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Берунию Сино, Абумуслими Хуросонию Деваштич ҳастем. Агар рӯйхати номоварони миллатро ба пуррагӣ нависем, дароз хоҳад буд. Мо даст ба сина зада мегӯем, ки ҷаҳон аз мо фарҳанги зиндагӣ омӯхта, ифтихорамон олист, аммо худамон чӣ ибтикоре дорем?!

Агар пасовандони Рӯдакию Фирдавсием, пас чаро имрӯз аз китоб — сарчашмаи зиндагӣ дур мондаем?! Чаро наврасони тоҷик китоб намехонанд?! Аксарият, хусусан насли ҷавон барои бедонишии худ ривоят доранд, ки ҳоло асри илму техника асту бузургтарин асарҳои бостону муосирро метавон аз интернет пайдо намуд. Ман ба ин розӣ, вале ҳеҷ бовар надорам, ки аксарияти кулли ворисони Фирдавсӣ аз интернет «Шоҳнома» ва ҳамилллатони сутуни насри муосири тоҷик Улуғзодаи бузург дар шабакаҳои иҷтимоӣ «Восеъ»-ро ҷӯё шаванд. То ҷое медонам, кумири навраси имрӯз Қадами Қурбон бо «Сари поворот»-аш ва Бобораҷаб бо «Думи хурӯсам лалалай» аст. Ман ба ин ду сарояндаи масхарабоз ба қавли маъмул «гап» надорам, зеро волидайну омӯзгор дар солҳои ахир фарзандону шогирдони хешро дар ҳамин руҳия тарбия намудаанд, завқи мо ҳамин аст, зеро имрӯз худи волидайн ва муаллим китоб намехонанд, бовар кунед…

Шояд Лоиқи бузургвор чандин сол пеш маҷбур шуда буд, ки гуфта:

То кай ту бо гузаштагон менозӣ?

Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ?

Вақт аст сари минбари озоди сухан,

Хаёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ!

Ман намедонам, ки мо Хайёму Ҳофиз, Лоиқу Бозору Қаноати дигар сохта метавонем ё не, аммо шояд вақти он расидааст, то ифтихорро кам карда, ба ибтикор гузарем, яъне ба кору пайкори нав. Шояд вақте ки шоир аз тамаллуқу косалесӣ даст мекашаду ҳунарманд ба хотири ҳунар рӯйи саҳна мебарояд, ба саволи Ҳазрати Лоиқ ҳам ҷавоб пайдо мешавад?

«Мазор»-ҳои бешафоат…

Мо миллати тамаддунофарем… Ин суханест, ки мо ҳар рӯз садҳо бор аз равзанаи симо мешунавем ва ифтихор мекунем як ҷузъи ҳамин тамаддунофаронем, аммо чаро дигар тамаддун намеофарем?!

Аксарияти олимону академикҳои муҳтарами мо дар соҳаи филология, фалсафа ва таърих ҳастанд. Чаро мо олиме надорем, ки ягон асбоби оддии рӯзгорро ихтироъ намуда, пешкаши мардум карда бошад?! Шояд бас будагист дар бораи «Нақши пасванду пешвандҳо дар калимасозӣ» рисолаи илмӣ навиштану олим шудан?! Шармандагие, ки “Диссернет” ба сари олимони мо оварда буд, ногуфтанӣ аст. Пас барои аз вартаи шармандагӣ баромадан қадаме пеш мондан даркор аст ё не? Пас биёед барои осон шудани зиндагии мардум олимони азизи мо заҳмат кашанд, баъд мо бигӯем, ки ана ҳамин сӯзану сақичу собун офаридаи истеҳсолгарони ватаниянд…

Як одати бад ва аз чорчӯбаи хасоили ҳамидаи инсонӣ дури мардуми мо аз дигарон боло гирифтани худ ва паст задани дигарон аст. Ман бисёр шунидаам, ки на танҳо мардуми оддӣ, балки равшанфикрони мо низ мегӯянд: “Фалону бисмадон миллатҳо аз мо шаҳрсозию иқомати доимиро ёд гирифтанд, вагарна биёбонгард буданд”. Аммо ман мехоҳам бипурсам, ки чаро фалону бисмадон имрӯз фарҳангу дониш ва тараққиёти аз мо пеш доранд?! Ман ин суханҳоро аз ҳаво намегӯям, барои ин далел дорам…

Бузургманишии миллӣ

Имрӯз дар саросари шаҳри Душанбе ободкориҳои бесобиқа ҷараён доранд. Мири ҷавону ташаббускори шаҳр Рустами Эмомалӣ мехоҳад Душанберо ба яке аз аз шаҳрҳои зеботарин дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Вале оё дили мо шаҳрнишинони ба қавли худамон маданӣ ва фарҳангӣ барои ин зебоиҳо месӯзад?! Не, илло, ки не! Занони миллати тамаддунофар ин марказҳои фароғатро имрӯз ба макони кӯрпачаофтобдиҳию қолинхушккунӣ табдил надодаанд?! Дар бораи подездҳои чиркину антисанитарӣ дигар намегӯям, зеро аз гуфтану навиштанҳо дар назари баъзеҳо бад ҳам шудаму барои “партоватро аз роҳрав бардор” гуфтанҳо ба хонаам низ омадаанд.

Хонаю палос, одаму либос

Чандест, ки масъулини Вазорати фарҳанг ва Кумитаи занон ва оила мехоҳанд занони моро миллипӯш кунанд ва либосҳои бегонаро аз байн баранд, вале…

Либосе, ки имрӯз зани тоҷик дар шаҳр ба бар мекунад, на миллӣ асту на исломӣ, шахсан ман намедонам онро ба кадом навъ ҷудо кунам. Куртаҳои дароз ва шарфҳои гирди сарашон печонидаи духтарони тоҷик бештар ба либоси лӯлиён монанд аст, балки лӯлиёна аст. Яъне имрӯз либоси лӯлиёни ҳарҷогард байни тоҷикон мӯд аст, инро низ аз рӯйи мушоҳида мегӯям. Чанде пеш дар маҷлиси волидайни яке аз мактабҳои овозадори пойтахт ширкат варзидам. Иштироккунандагон модарон буданд ва толори мактаб ба хаймаи бузурги лӯлиён, ки онро дар филмҳо дидаам, монанд буд…

Либоси миллии мо озода, хушдӯхт ва вобаста ба фасли сол тарҳрезӣ мешуд. Ҳоло намедонам ин либосҳои булаҷабро кӣ байни занони мо мӯд мекунад?

Ин буд андешаҳои банда оид ба ифтихору ибтикор…

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *