Аз марги Валиҷон модараш дар Амрико хун мегиряд

Валиҷон Алиҷонов аз сактаи қалб даргузашт.

Ӯ як ҷавонмарди худододу соҳибистеэъдоду  некназаре буд. Вай як операторе буд, ки ба қавле «на об мегуфту на алов… » Дамр ҳама ҳолат касбияташро эҳтиром мекарду дар ҳамагуна шароит пайи иҷрои вазифа мешуд. Акси аввал ҳангоми рухзадани офатҳои таббии ё обхезии дарёи Сурхоб дар ноҳияи Восеъ бардошта шудааст…

Ростӣ, фаромӯш кардаам, ки  кадом сол буд.Кӣ аккоси кардааст, инашро ҳам ёд надорам ,- менависад дӯсти Валиҷон Абдураҳмон Раҳмонов дар саҳифаи Фейсбукии худ.

Манбаъ менависад, ки рӯзе Валиҷон ин аксро бароям фиристод ва ҳамон вақт навишта буд ки «бо ин сурат рӯзе брат моро ёд кунед! Бо эҳтиром Валико!” Ӯро аксар рафиқон Валико ном мебурданд. Валиҷон солҳои зиёд дар телевизион ба ҳайси наворбардор кор кардааст.

Қисмат даст дод, ки ду сол мову ӯ дар телеканали “ К+” ҳамкор бошем. Дар ин муддат бо ҳам хеле унс гирифтаву  наздиктар ҳам шудем. Дили соф дошт. Кинаву бадӣ аз ӯ дур буд. Чанд бор меҳмони хонадонашон низ шудем. Модараш хело меҳрубон буд… Мегӯянд модари Валико ҳоло дар Амрикост.. Албатта ин хабари шумро шунидаву кунун ба ёди ҷигарбандаш дар он сӯи Уқёнус хун мегиряд… Худовандо Валикои моро банда бигир ва Раҳмату мағфирататро барояш арзонӣ бидор . Омин!

 Ҷанозаи марҳум пагоҳ соати  9-00 эълон шудааст.

Нишонӣ, маҳаллаи 103 -юми пойтахт . Назди бозор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *