Нуруллозода

Аз номзади илм то донандаи се забон. Фирӯза Нуруллозода кист?

Муовини нави раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода 40 сол дошта, то расидан ба ин мақом муовини раиси шаҳри Хуҷанд буд.

Нуруллозода Фирӯза бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26 июн муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намудааст. Номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Возможно, это изображение 1 человек

Ӯ соли 2004 омӯзгори забони арабӣ дар МТМУ № 3-юми шаҳри Хуҷанд буд. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома ёфтааст. Аввал аспирант, сипас сармуаллим, дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабӣ ва декани факултаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буд. Бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ озода муошират мекунад.

Ӯ солҳои гуногун мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва баъдан  дар вазифаи муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *