Аз Пешво ибрат гиред! Чаро ба фарзандонамон номҳои тоҷикӣ намегузорем?

Агар ном ҳам як ҷузъи фарҳанги мо тоҷикон бошад, пас чаро ба фарзандонамон номҳои суннатии худро намегузорем? Ё ба фарзандон гузоштани номҳои то истилои араб доштаамон гуноҳ ҳисобида мешавад? Номҳои арабие, ки мо ба кӯдакони худ медиҳем, ба дини ислом робитае надоранд. Ин номҳои ҳамон арабҳои саҳронишини пеш аз исломанду халос.

Чаро аз номҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома», ки Фирдавсӣ ба онҳо гузоштааст ва дар навбати худ ҳамаи онҳо далеру шуҷоъ, ҳимоятгари марзу буми кишвари худ, гузашта аз ин, худошиносу яздонпараст буданд, истифода набарем?

Дар омади гап бояд гуфт, ки чанд соле пеш рӯзноманигоре дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо меҳмони эронинажоди аз Ғарб омада ҳамсуҳбат шуда, ба ӯ савол дод, ки имрӯзи Тоҷикистону Душанберо чӣ гуна дарёфтед? Ӯ аз оромию осудагии Тоҷикистону пойтахташ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҳамсуҳбаташ пурсид, ки тоҷикон номҳои тоҷикона надоранд, ҳар киро, ки пурсӣ, номаш арабист.

Дар китоби «Феҳристи номҳои тоҷикӣ» (Душанбе. Истеъдод, 2016) омадааст, ки «феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатҳои тоҷикӣ мебошад».

Муроди тартибдиҳандагони ин дастурамал эҳёи арзишҳои маънавӣ бошаду ном ҳам ба ин арзишҳо дохил шавад, пас номи имрӯзаи тоҷикон аз номҳои аҷнабиён чӣ фарқияте дошта бошад?

Муаллифони ҳуҷҷати номбурда ибораи зебои «Эҳёи арзишҳои маънавиро хеле моҳирона оварда, навишта, истифода кардаанд. Ба маънои луғавии калимаи эҳё агар назар андозем, мебинем, ки ин калима дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маъноҳои аз нав зинда гардонидан ва ҳаёт бахшидан омадааст. Модоме, ки эҳё маънои зинда карданро дошта бошад, чаро дар феҳристи номҳо зиёди номҳои мо тоҷикон номҳои арабиянд?

Оё вақташ нарасидааст, ки номҳои то истилои араб доштаамонро ба фарзандон гузошта, ба онҳо умри дубора диҳем?

Қазоват кунед, ки аз 1362 номи занонаи дар феҳрист омада ҳамагӣ тахминан 463 номи тозаи арабӣ ва қисми зиёди номҳои боқимонда номҳои мураккаби решаи арабӣ дошта мебошанд.

Аз 3360 номи мардонаи дар феҳрист ҷойдошта тахминан 543 номи тоҷикӣ дида мешаваду халос. Аз кӣ ва аз чӣ меҳаросем? Оё замоне нарасидааст, ки оҳиста-оҳиста ба фарзандон номҳои то Ислом доштаашонро гузошта, онҳоро аз нав эҳё намоем?

Агар мо тоҷикон ва аҳли зиёи ин миллат то истиқлолияти комили худододи тоҷикон аз чизе дар ҳарос будем, ҳоло чӣ? Аз онҳое, ки бесаводу гумроҳ ва бегонапарастанд?

Биёд, чун Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандон номҳои тоҷикона гузорем ва нишон диҳем, ки дар ҳақиқат пайрави он касем. Аз эшон ибрат бигирем.

Бубинед, ки Ҷаноби Олӣ чӣ номҳои зебои тоҷиконае ба фарзандонашон гузоштаанд:

1.   Озода — ба маънои сахӣ, дасткушод.

2.   Таҳмина — қаҳрамони “Шоҳнома”.

3.   Рухшона — рӯй, гуна, рухсора.

4.   Парвина — номи чанд ситорае, ки дар як ҷо ҷамъ шудаанд.

5.   Заррина — зар, тило.

6.   Фарзона — донишманд, оқил.

7.   Рустам — ҳомии Эрон.

8.   Сомон — ташкилкунандаи давлати ягонаи тоҷикон.

Банда низ аз охири солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, рӯ ба гузоштани номҳои тоҷикона оварда будам. Аввал ба духтари бародарам Рухшона, баъдтар ба писаронам Шаҳриёр, Искандиёр, Каюмарс ва Ардашер ном гузошта, ба наберагон Фархунда, Ноҳида, Маҳваш, Симин, Нӯшозар, Баҳман, Шопур ва Ҳурмуз ном гузоштаам.

Нашунидаам, ки касе ба номҳои ба фарзандон ва наберагон гузоштаи мо айбе монда бошад. Танҳо муаллими синфи якуми Каюмарс аз надонистан дар дафтари синф ӯро Қаюмарс навишта буд. Гоҳо диҳандагони шаҳодатномаҳо ҳам дилзанӣ мекунанд.

Дар фароварди ин андешаҳо (шояд ба бисёриҳо писанд набошанд) мехостам доир ба як ғазали оливу хушоҳанги шоираи шинохтаи кишвар — Меҳринисо чанд ҷумлае гуфта бошам.

Шоира дар ғазале гуфтааст:

Ман намозамро ба номат мегузорам тоҷикӣ,

Ифтихорам тоҷикӣ, дору надорам тоҷикӣ.

Ва матлаи:

Аҳли Сомонам, мусулмонам, имонам комил аст,

Аз худои меҳрубон умедворам тоҷикӣ.

Хуб мешуд, агар шумораи байтҳоро давом дода, дар мисраи дуюми байте (мазмунан) мисрае монанд ба Тоҷикаму номакамро мегузорам тоҷикӣ менавиштанд, ки ин вазни қофияи ғазалро халалдор намекард.

Албатта соҳибқалам асту мухтор, чӣ навъе, ки лозим донад, эҷод мекунад, муҳтоҷи маслиҳати мо нест.

Агар рафту «Номакамро мегузорам тоҷикӣ» мегуфт, ин як ҳушдоре ба номгузории мо тоҷикон мешуд.

Хонандаи азиз гумон набарад, ки муаллифи ин гуфтаҳо ба дини мубини ислом нотавонбиние ё ғарази манфӣ дошта бошад.

Ман ҳам мисли падару бобоён ва модару модаркалонҳоям мусулмонаму ба қавли шоира Меҳринисо «Имонам комил аст».

Лозим шуморидем аз «Шоҳнома» номҳоеро пешниҳод кунем, ки шоир ба қаҳрамонҳояш гузоштааст. Ин номҳо интихобӣ буда, аз нашрҳои гуногуни «Шоҳнома» гирифта шудаанд, ки 260 ададро фаро гирифтааст.

Номгӯи номҳои интихобан аз «Шоҳнома» гирдоварда инҳоянд:

А.

Қисми 1

  1. Армоил (саҳ. 69)
  2. Арнавоз (саҳ. 69)
  3. Афросиёб (саҳ. 391)

Қисми 2

  • Аҷнос (саҳ. 9)
  • Аржанг (саҳ. 60)
  • Авлод (саҳ. 70)
  • Алкус (саҳ. 185)

Қисми 3

  • Андаремон (саҳ. 123)
  • Ағрурас (саҳ. 190)
  •  Арҷосп (саҳ. 123)

Қисми 4

  1.  Алво (саҳ. 137)
  2.  Ашкбус (саҳ. 123)
  3.  Аквон (саҳ. 175)

Қисми 5

  1.  Ашк (саҳ. 12)
  2.  Ахвос (саҳ. 151)

Қисми 6

  1.  Аҳрон (саҳ. 47)
  2.  Ардашер (саҳ. 73)

Қисми 7

  1.  Амурия (саҳ. 16)
  2.  Андимон (саҳ. 549)
  3.  Ануша (саҳ. 317)

Қисми 8

  •  Аштод (саҳ. 159)
  •  Араз (саҳ. 239)

                    Б

Қисми 1

  1. Беварасп (саҳ. 58)

Қисми 2

  • Барзин (саҳ. 26)
  • Баҳром (саҳ. 37)

Қисми 3

  • Бежан (саҳ. 378)
  • Барта (саҳ. 387)
  • Борман (саҳ. 477)

Қисми 4

  • Бевард (саҳ. 80)

Қисми 5

  • Барзулло (саҳ. 280)

Қисми 6

  • Башутан (саҳ. 94)
  •  Беҳзод (саҳ. 120)
  •  Баҳман (саҳ. 155)
  •  Беҳофарид (саҳ. 174)
  •  Буроб (саҳ. 22)

Қисми 7

  1.  Бобак (саҳ. 173)
  2.  Баром (саҳ. 293)
  3.  Баронуш (саҳ. 286)
  4.  Беҳрӯз (саҳ. 525)

Қисми 8

  1.  Балош (саҳ. 9)
  2.  Бузургмеҳр (саҳ. 155)
  3.  Бору (саҳ. 351)
  4.  Бузургмеҳр (саҳ. 453)
  5.  Буроб
  6.  Борбад (саҳ. 306)

                       В

Қисми 1

  1. Виса (саҳ. 3)
  2. Варозод (саҳ. 254)

                     Г

Қисми 1

  1. Гаршосп (саҳ. 164)
  2. Густаҳм (саҳ. 405)

Қисми 2

  • Гашвод (саҳ. 265)
  • Гев (саҳ. 37)
  • Гурган (саҳ. 37)
  • Гударз (саҳ. 37)
  • Гуроза (саҳ. 172)
  • Гуразм (саҳ. 177)
  • Гаждаҳам (саҳ. 215)
  •  Гурдофарид (саҳ. 215)
  •  Гулбод (саҳ. 390)

Қисми 3

  1.  Гарсеваз (саҳ. 8)
  2.  Гулшаҳр (саҳ. 133)
  3.  Гурӯй (саҳ. 210)

Қисми 4

  1.  Гуштосп (саҳ. 9)
  2.  Гиромӣ (саҳ. 110)

Қисми 5

  1.  Гулнор (саҳ. 184)

Қисми 6

  1.  Гав (саҳ. 307)
  2.  Гушасп (саҳ. 381)

Қисми 7

  •  Гурдӯй (саҳ. 16)
  •  Гурдия (саҳ. 44)
  •  Гашнӯш (саҳ. 348)

             Ғ

Қисми 1

  1. Ғотифор (саҳ. 220)

          Д

Қисми 1

  1. Дастон (саҳ. 222)

Қисми 2

  • Дашма (саҳ. 228)

Қисми 3

  • Доро (саҳ. 508)
  • Дороб (саҳ. 475)

Қисми 4

  • Дилафрӯз (саҳ. 357)
  • Дилорой

            Ё

Қисми 1

  1. Ёнус (саҳ. 7)

          Ж

Қисми 1

  1. Жаков
  2. Жандаразм (саҳ. 280)

            З

Қисми 1

  1. Зирак (саҳ. 76)
  2. Зол (саҳ. 24)
  3. Зарасп (саҳ. 289)
  4. Зав (саҳ. 438)

Қисми 2

  • Занга (саҳ. 60)

Қисми 3

  • Завора (саҳ. 60)
  • Зодшам (саҳ. 238)

Қисми 4

  • Зиреҳ (саҳ. 129)

Қисми 5

  • Зарир (саҳ. 9)
  •  Зардушт (саҳ. 97)

Қисми 6

  1.  Зарвон (саҳ. 205)
  2.  Зодфарух (саҳ. 481)

Қисми 7

  1.  Зангӯ (саҳ. 158)

               И

Қисми 1

  1. Испанӯй (саҳ. 391)

              К

Қисми 1

  1. Каюмарс (саҳ. 36)
  2. Кармоил (саҳ. 69)
  3. Каёнуш (саҳ. 91)
  4. Курӯхон (саҳ. 409)
  5. Каждаҳам (саҳ. 412)

Қисми 2

  • Куноранг (саҳ. 75)
  • Каёҳур (саҳ. 97)

Қисми 3

  • Ковус (саҳ. 9)
  • Кайхусрав (саҳ. 202)
  •  Кӯҳрам (саҳ. 2)

Қисми 4

  1.  Комус (саҳ. 86)
  2.  Кундур (саҳ. 80)
  3.  Кофур (саҳ. 229)

Қисми 5

  1.  Карсиюн (саҳ. 7)
  2.  Каҳил (саҳ. 21)

Қисми 6

  1.  Камоюн (саҳ. 25)

Қисми 7

  1.  Кисро (саҳ. 51)
  2.  Кундогушасп

                Л

Қисми 1

  1. Лаҳҳок (саҳ. 223)

Қисми 2

  • Луҳросп (саҳ. 7)

                М

Қисми 1

  1. Мардос (саҳ. 57)
  2. Меҳроб (саҳ. 239)
  3. Манучеҳр (саҳ. 163)

Қисми 2

  • Милод (саҳ. 44)

Қисми 3

  • Маҳиндухт (саҳ. 332)
  • Маншур (саҳ. 35)
  • Манижа (саҳ. 306)

Қисми 4

  • Моҳофарид (саҳ. 472)
  • Манушан (саҳ. 277)

Қисми 5

  1.  Мирин (саҳ. 31)
  2.  Меҳрнуш (саҳ. 155)
  3.  Моҳёр (саҳ. 536)

Қисми 6

  1.  Меҳрак (саҳ. 223)
  2.  Моҳрӯй (саҳ. 312)
  3.  Малика (саҳ. 315)

Қисми 7

  1.  Меҳрон (саҳ. 114)
  2.  Маздак (саҳ. 54)
  3.  Маҳбуд (саҳ. 203)
  4.  Мой (саҳ. 308)

Қисми 8

  •  Моҳозар (саҳ. 453)

Қисми 9

  •  Меҳронситод (саҳ. 92)
  •  Марям (саҳ. 132)
  •  Мардуй (саҳ. 302)
  •  Мардоншоҳ (саҳ. 388)

               Н

Қисми 1

  1. Нузар (саҳ. 327)
  2. Наремон
  3. Настух (саҳ. 170)

Қисми 2

  • Настеҳан (саҳ. 123)

Қисми 3

  • Настор (саҳ. 20)
  • Ноҳид
  • Номхост (саҳ. 97)
  • Настур (саҳ. 111)
  • Невзор (саҳ. 112)

Қисми 4

  1.  Нарсӣ (саҳ. 306)
  2.  Нӯша (саҳ. 315)

Қисми 5

  1.  Нушервон (саҳ. 68)
  2.  Нушзод
  3.  Нардогушасп (саҳ. 487)

Қисми 6

  1.  Наҳравон (саҳ. 19)
  2.  Нозёб (саҳ. 468)

Қисми 7

  1.  Нушозар (саҳ. 155)

                 О

Қисми 1

  1. Офаридун (саҳ. 75)

Қисми 2

  • Отибин (саҳ. 78)

Қисми 3

  • Ораш (саҳ. 224)

Қисми 4

  • Озарафрӯз (саҳ. 155)
  • Озодсарв (саҳ. 430)

Қисми 5

  • Орзу (саҳ. 511)

Қисми 6

  • Ором (саҳ. 37)
  • Озармдухт (саҳ. 412)

                    П

Қисми 1

  1. Пирмоя (саҳ. 91)
  2. Пашанг (саҳ. 162)

Қисми 2

  • Пӯлод (саҳ. 26)
  • Пирон (саҳ. 179)
  • Пинсам (саҳ. 181)

Қисми 3

  • Пирӯз (саҳ. 7)
  • Парвиз (саҳ. 467)
  • Пармуда (саҳ. 567)

Қисми 4

  • Пуродухт (саҳ. 388)

                 Р

Қисми 1

  1. Рудоба (саҳ. 245)
  2. Рустам (саҳ. 365)

Қисми 2

  • Рӯин (саҳ. 125)
  • Ревниз (саҳ. 434)

Қисми 3

  • Рашнавод (саҳ. 482)
  • Равшанак (саҳ. 540)

Қисми 4

  • Рӯзбеҳ (саҳ. 464)

Қисми 5

  • Размеҳр
  • Ромбарзин (саҳ. 67)

Қисми 6

  1.  Родфаррух (саҳ. 76)

                   С

Қисми 1

  1. Сиёмак (саҳ. 37)
  2. Сарв 
  3. Салм (саҳ. 135)
  4. Саҳм (саҳ. 136)
  5. Сом
  6. Синдухт

Қисми 2

  • Санҷа (саҳ. 46)
  • Судоба (саҳ. 128)
  • Сиёвуш (саҳ. 162)
  •  Суҳроб (саҳ. 202)

Қисми 3

  1.  Сипаҳрам (саҳ. 62)

Қисми 4

  1.  Суқлоб (саҳ. 80)
  2.  Сова (саҳ. 191)

Қисми 5

  1.  Сақил (саҳ. 66)
  2.  Сосон (саҳ. 470)

Қисми 6

  1.  Суфарой (саҳ. 23)
  2.  Симобарзин (саҳ. 453)

Қисми 7

  1.  Синор (саҳ. 78)
  2.  Саркаш (саҳ. 305)

                 Т

Қисми 1

  1. Таҳмурас (саҳ. 45)
  2. Тур (саҳ. 135)
  3. Таҳамтан (саҳ. 365)
  4. Талимон
  5. Таҳмос (саҳ. 438)

Қисми 2

  • Таҳмина (саҳ. 198)

Қисми 3

  • Тус (саҳ. 93)
  • Туварч (саҳ. 102)
  • Тавоба (саҳ. 387)

                 У

Қисми 1

  1. Урмузд (саҳ. 250)

               Ф

Қисми 1

  1. Фаридун (саҳ. 7)
  2. Фаронак (саҳ. 79)

Қисми 2

  • Фарҳод (саҳ. 90)

Қисми 3

  • Фарангис (саҳ. 134)
  • Фурӯд (саҳ. 170)
  • Фаршедвард (саҳ. 123)

Қисми 5

  • Фурӯҳил (саҳ. 30)

Қисми 6

  • Фағониш (саҳ. 225)

Қисми 7

  • Фароин (саҳ. 401)
  •  Фаррут (саҳ. 275)

               Х

Қисми 1

  1. Харрод (саҳ. 26)
  2. Хазорвон

Қисми 2

  • Хусрав (саҳ. 13)

Қисми 3

  • Хӯзон (саҳ. 223)

Қисми 4

  • Хушнавоз (саҳ. 13)

              Ҳ

Қисми 1

  1. Ҳушанг (саҳ. 40)

Қисми 2

  • Ҳуммон (саҳ. 209)

Қисми 3

  • Ҳум (саҳ. 396)

Қисми 4

  • Ҳушёр (саҳ. 376)

Қисми 5

  • Ҳурмуз (саҳ. 7)

               Ч

Қисми 1

  1. Чеҳрзод (саҳ. 50)

               Ҷ

Қисми 1

  1. Ҷамшед (саҳ. 50)
  2. Ҷандал (саҳ. 118)

Қисми 2

  • Ҷӯё (саҳ. 103)

Қисми 3

  • Ҷаҳн (саҳ. 123)
  • Ҷарира (саҳ. 132)

Қисми 4

  • Ҷонусёр (саҳ. 536)

Қисми 5

  • Ҷуғонӯй (саҳ. 409)

                 Ш

Қисми 1

  1. Шедасп (саҳ. 47)
  2. Шедуш (саҳ. 171)
  3. Шерӯй (саҳ. 164)
  4. Шопур (саҳ. 168)

Қисми 2

  • Шамирон (саҳ. 81)
  • Шеда (саҳ. 238)
  • Шоммоҳ (саҳ. 83)

Қисми 3

  • Шерӯя (саҳ. 73)
  • Шомпур (саҳ. 77)
  •  Шархун (саҳ. 311)
  •  Шағод (саҳ. 434)

Қисми 4

  1.  Шоҳӯй (саҳ. 214)
  2.  Шукнон (саҳ. 404)
  3.  Шамр (саҳ. 558)

Қисми 5

  1.  Шерзод (саҳ. 155)

Қисми 6

  1.  Ширин

                   Э

Қисми 1

  1. Эраҷ (саҳ. 135)
  2. Эзидгушасп (саҳ. 160)

                  Я

Қисми 1

  1. Яздигурд (саҳ. 370)

Қисми 2

  • Ялонсина (саҳ. 160)

Партав ШАРИФЗОДА,

омӯзгори собиқадор, ноҳияи Восеъ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *