шарҳи матбуот

Аз сафари Президент ба Суғд то мушкилоти муҳоҷирону «Модари ғамгин»

Қисми бештари расонаҳои чопӣ ин ҳафта сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва мушкилоти муҳоҷиронро мавзуи меҳварии навиштаҳои худ қарор додаанд.

Рӯзномаи «Садои мардум» (№91 (4674), аз 10.07.2023) таҳти унвони «Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд», «Минбари халқ» (№27 (1424), аз 12.07.2023) бо номи «Идомаи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд», «Народная газета» (№29 (20414), аз 12.07.2023) таҳти унвони «Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд», “Боҷу хироҷ” (№28 (1383), аз 13.07.2023) бо номи “Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”, ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо номҳои «Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд» ва «Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Панҷакент» гузоришҳои муфассал ба нашр расонидаанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№28 (1539), аз 12.07.2023) дар баробари нашри матолиби ҷолиби мухталиф, ҳамзамон суҳбати хонданиеро бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Бангладеш Абдусаттор Исоев интишор кардааст.

Дар посух ба ин суоли нашрия, ки “шумо аз кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон — Русия ба кишвари интиқолдиҳанда — Бангладеш рафтед. Чӣ тафовут ҳаст миёни ин ду кишвар?”, Абдусаттор Исоев гуфтааст: “Давоми бистучанд соле, ки дар Созмони байналмилалии муҳоҷирати СММ фаъолият дорам, бештар дар давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷират кор мекардам. Дар таҷрибаи ман фақат Русия кишвари қабулкунанда буд. Ин кишвар дар ҷаҳон аз нигоҳи қабули муҳоҷират дар зинаи 4-ум аст. Бангладеш бошад, 6-умин фиристандаи муҳоҷирон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вале дар ҳар кишваре, ки набошад, мо бо мушкили муҳоҷирон сарукор дорем ва аз рӯйи барномаҳои мушаххас кор мекунем”.

Мусоҳиб кадом мушкил ва кадом барномаҳоро дар назар дорад, аз мусоҳибаи мазкур дарёфт кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки ин мусоҳибаи ҷолибу хонданиро ҳафтаномаи “Рекламная газета” (№28 (1143), аз 13.07.2023) ба русӣ тарҷума кардаву ба нашр расонидааст.

Дар мавзуи муҳоҷират ҳафтаномаи “Азия плюс” (№25 (1612), аз 13.07.2023) ҳам мақолаи таҳлилие таҳти унвони “Ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ кӣ сӯйиқасд мекунад?”ба нашр расонидааст. Матлаби мазкур асосан атрофи он баҳс мекунад, ки сиёсатмадори рус Сергей Миронов пешниҳод кардааст, то маоши муҳоҷирони меҳнатӣ баланд бардошта, аммо аз маблағҳои интиқолмедодаашон андоз ситонида шавад.

Тавре қаблан зикр намудем, доираи фарогирии мавзуҳои муҳими ин ҳафтаи нашрияҳо васеъ аст. Ҳафтаномаи “СССР” (№27 (772), аз 13.07.2023) дар ин шумораи худ матолиби ҷолибро бо номҳои “Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав!”, “”Мардон” — мушкили №1 дар Душанбе” ва “Дӯстӣ: шолӣ об дораду мардум не!” ба нашр расонидааст, ки мушкилоти иҷтимоиро ба баррасӣ кашидаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” (№27 (865), аз 13.07.2023) бошад, бо нашри мақолаи “Черевченкоро оред ва ба Сегерти дуои роҳ диҳед!” аз ҷумла навиштааст: “Ба қавле барои Тоҷикистон Игор одами худӣ аст… Пас, тамоми чораҳоро бояд дид, ки Игор Тоҷикистонро тарк накунад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин мутахассиси варзидаву пурифтихорро вақтҳои наздик ба ин ё он кишвари бегона ба кор даъват мекунанд… (агар ба худаш таклиф писанд ояд). Дар Тоҷикистон Игор дар оянда кадом вазифае, ки хоҳад, чун обу ҳаво зарур аст. Бигзор дастаи якачини миллиро ҳам ба уҳда гирад. Аз ҳоло корбарӣ бояд кард. Вагарна баъдтар дер мешавад. Ин имконияти хубро аз даст набояд дод… Ба Сегерти — мураббии хорватӣ бошад, “раҳмати калон” гӯён, ба дастакаш дастагули тару тоза дода, ба ватанаш нағз гусел бояд кард”.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№142 (24753), аз 12.07.2023) бо нашри матлабе таҳти унвони “Ҳоит. Оқибатҳои заминларза фаромӯш намешаванд!” аз заминларзаи мудҳиши соли 1949 дар собиқ ноҳияи Ҳоит ёдовар шудааст.

— Пас аз сӣ соли заминларза Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ободонии ҳудуди ноҳияи собиқ Ҳоит иҷозат дод. Дар муддати кӯтоҳ дараҳои Ясманд, Тутак, Ярхичҳо, Тарутол бо ҳама инфрасохторҳои зарурии зиндагӣ (заминҳои ҳамвор, роҳҳои росту шағалпӯш, каналҳо бо обҳои мусаффо) таъмин шуданд. Шахсони хоҳишманд ба Ҳоит баргашта, деҳаҳои бобоиро эҳё намуданд. Соли 1980 ҷамоати деҳоти Ҳоит ташкил шуд, ки ҳоло 15 деҳа, 1200 хоҷагӣ ва зиёда аз нуҳ ҳазор аҳолӣ дорад. Ба хотираи қурбониёни ин фоҷиаи мудҳиш, бо қарори Ҳукумати кишвар дар Ҳоит муҷассамаи “Модари ғамгин” гузошта шудааст. Модари дилфигор болои таҳкурсие рӯ ба тарафи қибла нишаста, дасти рост болои зону аз Худованди мутаол илтиҷо дорад, ки ҳамаи 18 ҳазор фарзандонашро, ки дар натиҷаи заминларза қурбон шудаанд, раҳмату махфират намояд ва ҳеҷ гоҳ чунин рӯзи сахтеро ба кас нишон надиҳад,- навиштааст нашрия.   

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *