Зайниддин Мухтори

Аз таҳсили гарон то таъмини кор. Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе

Ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, профессор Зайниддин Мухторов меҳмони навбатии барномаи “Бо далел” буд. Бо эшон дар студияи Pressa.tj атрофи зарурати таъсиси филиали донишкадаи мазкур, то кадом андоза ҷавобгӯ будани ихтисосҳои ин донишкада ба талаботи бозори меҳнат, нархи таҳсил ва дигар масоили мубрам дар соҳаи маориф суҳбат намудем.

— Имрӯз дар шаҳри Душанбе муассисаҳои олӣ зиёданд. Аммо мушоҳида мешавад, ки бештари хатмкардагон бо кор таъмин намешаванд ё берун аз ихтисоси худ фаъолият мекунанд. Дар ин росто, чӣ зарурат пеш омад, ки филиали Донишкадаи идоракунии рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе таъсис ёфт?

— Таъсиси филилали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе тақозои замон аст. Зимнан, ин донишкада дар Сингапур таърихи беш аз нимасра дорад. Имрӯз нақши ин муассисаи олии касбӣ дар Сингапур дар самти омода намудани мутахассисон хеле назаррас аст. Чунки зиёда аз 25 ихтисоси муҳим ва дар бозори меҳнат серталаб дар ин донишкада таълим дода мешаванд. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси ин муассисаи олии касбӣ дар Тоҷикистон иртибот ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мегирад.

— Ҳоло дар донишкада донишҷӯён аз рӯи кадом самтҳо қабул карда мешаванд?

— Дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкадаи идоракунии рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ) ба роҳ монда мешавад.

Аллакай довталабон муроҷиат карда истодаанд ва мунтазам қабули ҳуҷҷатҳо ва имтиҳон гузашта истодааст. Довталабон асосан имтиҳонро аз фанни забони англисӣ месупоранд. Малакаи забондонии донишҷӯён бояд мутаносиб ба 5,5 холи ILS бошад.

— Бартарии ин донишкада аз муассисаҳои олии Тоҷикистон дар чист?

— Бисёре аз муассисаҳои олӣ вақте вориди Тоҷикистон мешаванд, баробари ба роҳ мондани таблиғ ва имтиҳони қабул, донишҷӯёнро ба хориҷи кишвар ба таҳсил мефиристанд. Албатта, ин хеле хуб аст, зеро дар ҳар куҷое набошанд, вақте ки мутахассисони мо соҳибкасб мешаванд, барои рушди ватани худ саҳм мегузоранд. Мо чунин хулоса кардем, ки хеле хуб мешуд ҳамон имкониятҳои касбомӯзӣ ва таҳсили стандартҳои байналмилалӣ, ки ҷавонони мо дар хориҷ мегиранд, дар Тоҷикистон фароҳам оварда шаванд. Ин ҳам як роҳи нигоҳ доштани иқтидори зеҳнӣ дар кишвар ва онҳоро дар инҷо омода кардану барояшон шароити корро фароҳам овардан аст. Аз тарафи дигар,  ҷавонон барои соҳиб шудан ба малакаҳои касбӣ ва гирифтани дипломҳои дараҷаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештаре доранд. Аз ин лиҳоз, мо низ донишҷӯёнро бо талаботи байналмилалӣ омода сохта, онҳоро дар дохили кишвар бо кор таъмин хоҳем кард.

— Имрӯз дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ихтисос ё касбҳои ба ҳам монанд зиёданд. Бо вуҷуди ин, донишҷӯён баъд аз хатм барои дарёфти кори мувофиқ мушкилӣ мекашанд. То куҷо ихтисосҳо дар Донишкадаи идоракунии рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе мутобиқ ба бозори меҳнатанд ва баъди хатм донишҷӯён бо кор таъмин мешаванд?

— Вақте ки ҷониби Сингапур ихтисосеро роҳандозӣ мекунад, аввал бозори меҳнатро меомӯзад, ки то куҷо талабот мавҷуд аст. Ҳамзамон, ҳуҷҷат ё меъёрҳои расмиро меомӯзанд, ба кадом самт равон шудани ҳадафҳои ин ё он кишварро меомӯзанд. Масалан, ихтисоси мудирияти саноат — ин рабт дорад ба ҳадафи 4-уми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунии босуръат. Аз тарафи дигар, дар давоми таҳсил ва тартиби таҳсил дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе чун дар дигар донишгоҳҳои шарики он дар Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ роҳандозӣ мешавад, мунтазам баҳодиҳӣ дар бозори меҳнат ва ҳам бо донишҷӯён мегузаронад. Омӯзгороне, ки онҳо интихоб мекунанд, соҳибкасбанду собиқаи баланд доранд. Яке аз нуктаҳои нозук ин аст, ки омодакунии касбии ҷавонон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур чун дигар донишгоҳҳои пешрафтаи олам хусусияти таҷрибамеҳварӣ дорад. Яъне, модули таълим дар заминаи фаъолияти ҳамарӯза, эҳтиёҷоти корхонаву ширкатҳо ва донишҷӯён таҳияву қабул мегардад. Бинобар ин, барномаҳои таълимӣ пурра дар доираи барномаҳои таълимии байналмилалӣ таҳия шудаанд.

— Таҷрибаи филиалҳои ин донишкада дар шаҳрҳои Тошканду Алмаато низ омӯхта шудааст?

— Бале. Барои мисол филиали донишкада дар шаҳри Тошканд 15 сол шуд, ки амал мекунад ва 5 ҳазор донишҷӯ дорад. Хатмкунандагон зуд соҳиби кор мешаванд,  на танҳо дар бозори дохилӣ, ҳатто берун аз давлатҳои хориҷ кори шоиста меёбанд. Азбаски таҳсил ба забони англисӣ аст, пайдо кардани кор ҳам чандон мушкил нест.

— Нархи таҳсил дар донишкада чанд аст?

— Маблағи шартнома баробар ба 32 000 сомонӣ аст.

— Дар шароити Тоҷикистон магар ин нархи дандоншикан нест?

— Вақте ки донишҷӯёни мо барои таҳсил ба хориҷа мераванд, маблағи хеле калон сарф мекунанд.  Мо омӯзгоронро аз берун даъват мекунем ва тамоми хароҷот аз тарафи муассисони донишкада назорат карда мешавад. Баъзе ширкату корхонаҳои Тоҷикистон, ки эҳтиёҷи кадр доранд, ба Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дархост пешниҳод карданд, то барояшон мутахассис омода намоем. Яъне, пардохти маблағи таҳсилро ширкатҳо бар зимма мегиранд ва оянда мутахассисон дар ҷойи пешбинишуда фаъолият хоҳанд кард.

— Шумо мутмаин ҳастед, ки бо оғози фаъолият ин донишкада дар Душанбе мавқеъ меёбад?

— Бо ҳамин ҳадаф корро оғоз кардем. Умедворем, ки ба амалишавии нақшаҳои гузошта хоҳем расид.  

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *