Аз таҳти дил бихандед!
Эълон
Марде ба идораи ҳафтанома занг зада, мепурсад:
— Ман дар ҳафтаномаи шумо эълон дода будам, ки сагам гум шудаасту ба нафари онро пайдонамуда 1000 доллар медиҳам. Ягон хабар ҳаст?
Корманди ҳафтанома ҷавоб медиҳад:
— Чизе гуфта наметавонам. Дар идора на муҳаррир асту на хабарнигорон, ҳама ба ҷустуҷӯи саги шумо баромадаанд.
Бозёфт
Морбозе духтури ҳайвонотро барои табобати мори калон даъват мекунад. Ҳангоми муоина мор ак-ак мекунад. Духтур ба ваҷд омада, мегӯяд:
— Ин ҳодисаи нодир аст, мор бо овози саг меҷакад! Барои чунин бозёфт ман соҳиби мукофот мешавам!
Морбоз гапи духтурро бурида, мегӯяд:
— Духтур, шояд аввал сагро аз даруни мор берун овардан лозим?
Тиреза
Писарбача ба падараш мегӯяд:
— Дада, пагоҳ боз шуморо ба мактаб ҷеғ заданд. Ман як тирезаи дигарро низ зада шикастам.
Падар оҳ кашида, мегӯяд:
— Худоё, ин мактаби шумо боз чанд тирезаи дигар дорад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ