Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Замони гумшуда

Муаллима дар дарси забони модарӣ аз Меҳрубон мепурсад:

— Меҳрубонҷон, ҷумлаи зеринро гӯш кун: «Ман шавҳар меҷӯям». Ин ҷумла ба кадом замон дохил мешавад?

Меҳрубон мегӯяд:

— Замони гумшуда, муаллима.

Рӯзи ид

Аз майхорае мепурсанд:

— Ту арақ менӯшӣ?

Майхора:

— Танҳо рӯзҳои ид.

Боз мепурсанд:

— Рӯзи идат кадом аст?

Майхора:

— Рӯзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.

Барнома

Зану шавҳар бо ҳам ҷанг мекунанд, дашномҳои болохонадорашон ба гӯши ҳамсояҳо ҳам мерасад. Баногаҳ занги дар садо медиҳад. Писараке дар погаҳи дар пайдо шуда, мегӯяд:

— Мебахшед, падару бобоям донистан мехоҳанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион тамошо карда истодаед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *