Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ангишт

Марде ба утоқи духтур медарояд. Духтур дарҳол:

— Либосатонро кашед!

— Барои чӣ?,- ҳайрон мешавад мард.

— Ман духтур ҳастам, хубтар медонам,- мегӯяд духтур.

Мард либосашро мекашад.

Духтур мепурсад:

— Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?

Мард мегӯяд:

— Ман ангишт овардам, онро дар куҷо холӣ кунам?

Таппонча

Ҷавоне ба идораи пулис ба кор медарояд. Ним сол мегузарад, вале маошро суроғ намекунад.

Рӯзе роҳбар ӯро даъват карда, мепурсад:

— Ту барои чӣ маошатро намегирӣ?

Ҷавон ҳайрон шуда, мегӯяд:

— Ман фикр кардам, ки бо ҳамон таппончаи додагиятон бояд зиндагиро пеш барам…

Мактуби аскар

Аскар ба завҷааш мактуб менависад:

— Ба ман 230 сомонӣ пул лозим аст, барои сигор ва ғайраҳо.

Занаш дар ҷавоб менависад:

— Ба ту 30 сомонӣ барои сигор мефиристаму ва ғайраҳо дар хона бепул туро интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *