Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сабр мебояд

Сардори идорае ба зердасташ гуфт:

— Ман хубам ё бад?

Зердаст гуфт:

— Чиро гўям?

Сардор гуфт:

— Ҳақиқатро гўй!

Зердаст гуфт:

— Барои ин сабр мебояд.

Сардор гуфт:

— То кай?

Зердаст гуфт:

— То он рўзе, ки ё ту аз кор равӣ, ё ман.

Халал

Яке бо афсўс мегуфт:

— Оҳ, чӣ хел мехоҳам аз рўи виҷдон зиндагӣ кунам!

Дигарӣ пурсид:

— Чӣ халал мерасонад?

Гуфт:

— Маош!

Хоби бад

Зан дар хоб дастак мезад ва фиғон мекард. Шавҳараш ўро бедор кард ва сабаб пурсид.

Зан гуфт:

— Хоби баде дидам. Домуллое тори сарам дуо мехонд ва ҷони ман мебаромад.

Мард фиғон кашид:

— Оҳ, мани аблаҳ!

Зан гуфт:

— Чаро ин тур мегўӣ?

Мард гуфт: — Охир, як лаҳза дертар бедор мекардам, намешуд!?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *