Аз таҳти дил бихандед!
Пашшаҳои нару мода
Зани Афандӣ ба хона баргашта, мебинад, ки шавҳараш пашша кушта истодааст.
— Чӣ кор дорӣ, мардак?
— Намебинӣ, пашша кушта истодаам…
— Хайр, чандто куштӣ?
— Се нару ду мода.
— Охир, аз куҷо онҳоро фарқ кардӣ?
— Сетояш болои шишаи арақ нишаста буданд, дутои дигар дар болои телефон.
Туҳфа
Шавҳари золим аз завҷааш пурсид:
— Чӣ туҳфа биёрам, ки бароят нодир бошад?
Зани ҷон ба лаб омада гуфт:
— Хати талоқ!
Коркуни савдо шав!
Якеро ҷон ба лаб омаду назди оқиле рафта, гуфт:
— Чӣ кор кунам, ки ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз муҳтоҷ нашавам?
Оқил гуфташ:
— Раис шав.
Гуфт:
— Ин аз имкон берун аст.
Гуфташ:
— Пас вазир бишав.
Гуфт:
— Ин баробари аз осмон ситора кандан аст.
Гуфташ:
— Корманди савдо шав!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ