Аз таҳти дил бихандед!
Вазирро аз кор гирифтанд…
Ду дўст дар кўча рў ба рў омаданд. Яке аз дигаре пурсид:
— Шунидам, ки аз завҷаат ҷудо шудӣ. Оё ин рост аст?
Дигарӣ гуфт:
— Рост, ҷудо шудам.
Гуфт:
— Барои чӣ? Охир, як сол пеш базўр сўхтаю пухта хонадор шуда будӣ-ку!
Гуфт:
— Рост, лекин вазирро аз кор гирифтанд.
Гуфт:
— Вазир ба ин чӣ дахл дорад?
Гуфт:
— Охир, вазир падари завҷаам буд-дия!
Рашки набера
Дар дарси забон муаллима ба хонандагон супориш медиҳад:
— Бачаҳо, оид ба сифат ҷумла созед.
Садбарг фавран ҷавоб медиҳад:
— Ҳалима аз магазин қалами сурх харид.
Ҳошим якбора оташ гирифта, мегӯяд:
— Номи бибии худата навис…
Дузд
Ду нафар дар кўча бари ба бар гом мезаданд. Яке ба дигаре гуфт:
— Ҳо-о, ҷавоне рафта истодааст-ку, дузди гузарост!
Дигарӣ гуфт:
— Аз куҷо донистӣ?
Якумӣ гуфт:
— Дузд дуздро аз дур ҳам мешиносад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ