Аз таҳти дил бихандед!
Аз телефон
Телефон занг зад. Мард гўшакро бардошт:
— Ало! Гўшам ба шумо! Аз куҷо гап мезанед?
Аз он сў гуфтанд:
— Аз телефон.
Зинда
Марде ба дӯсташ занг зада, мегӯяд:
— Расул, шунидам, ки занат мошини туро зада маҷақ кардааст…
Дӯсташ мегӯяд:
— Ҳа, аз мошин чизе намонд.
Мард боз мепурсад:
— Занат зиндаву саломат аст, охир?
Дӯсташ дар ҷавоб:
— Алҳол зинда, дар ҳаммом худашро маҳкам кардааст.
Меҳрубонӣ
Марде ба хона ворид шудан замон ба завҷааш рўй овард:
— Азизам, сатили партовро деҳ, партофта биёям!
Зан қавоқ андохта, бо ғазаб гуфт:
— Боз маошатро ба сари шароб задӣ?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ