Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бозор

Зане ба фурӯшанда мегӯяд:

— Ман 10 кг картошка хариданиям, вале метарсам, ки онро ба хона бурда наметавонам.

Фурӯшанда мегӯяд:

— Ғам нахӯред холаҷон, ман онро тавре бармекашам, ки бурда метавонед.

Аскарӣ

Писар аз падар мепурсад:

— Дада, шумо ба аскарӣ рафта будед?

Падар:

— Не, маро набурданд.

Писар ҳайрон шуда:

— Барои чӣ набурданд?

Падар мегӯяд:

— Маро наёфтанд!

Ҷону нон

Танбале ду даст сўи осмон бардошта, илтиҷо мекард:

— Худо, ҷонам ки додӣ, нонам бидеҳ!

Афандӣ, ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:

— Худо намедиҳад, мегирад.

— Чиро мегирад?

— Он чиро, ки дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *